Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

spot_imgspot_img

Дата:



Анонс


 

– Дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе дар доираи Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об таҳти унвони «Тавсеъаи ҳуқуқ ва имконоти занон: асосҳои ҳамкории муваффақи фаромарзии обӣ» ҳамоиши занон барпо мегардад. Оғоз соати 14:00;

– Дар суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҷаласаи пешакии судӣ оид ба баррасии даъвои намояндагони зиёиён нисбати газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина доир мегардад. Оғоз соати 09:00;

– Нахуствазири Шоҳигарии Таиланд Йинглак Шинаватра бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.




Дар қароргоҳи ҳукуматӣ дар пойтахт ҷаласаи 9-уми Кумитаи роҳбарии Маркази минтақавӣ оид ба идоракунии захираҳои обӣ дар шаҳрҳо (RCUWM-Tehran) баргузор мешавад. Оғоз соати 09:00. 



Қурби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7668

сомонӣ;


1

евро

– 6.4259

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1485

сомонӣ.



Як рӯзи таърих

Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон.


1960

– Бори нахуст мавҷудоти зиндаи ба кайҳон бароварда – сагҳо Белка ва Стрелка ба Замин баргаштанд.


2003

– Дар тендери сохтмони нақби Анзоб ширкати эронии «Собир» ғолиб дониста шуд.


1515-1580

– Зодрӯзи шоири форсу тоҷик, таърихшинос ва тарҷумон Абдибек Шерозӣ.


1909-1984

– Мавлуди коргардони кино Рафаил Перелштейн.


1954

– Зодрӯзи доктори улуми биологӣ Саидалӣ Гулов.


1961-2001

– Мавлуди овозхон Муборакшо Мирзошоев.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +25+30.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +19+24.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришоти назаррас, дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +24+29.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


баъзан боришот, раъду барқ.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +13+18, рӯзона +24+29;  дар шарқи вилоят шабона +1+6, рӯзона +10+15.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +34+36.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +34+36.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +33+35.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.  

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +25+27.


 

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...