Таъсиси 135 ҳазор ҷойи нави корӣ дар соли равон


Дар зарфи 7 моҳи соли равон бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар беш аз 22,5 ҳазор нафар шаҳрвандон дар Тоҷикистон бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда 30,7%-ро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, аз оғози сол ба Агентии мазкур ҳудуди 72,7 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд, ки беш аз 43,5 ҳазор нафарашон ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, наздики 32 ҳазор нафарашон расман бекор эътироф шудаанд.

«Шумори ками таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ ба сатҳи тахассусии корҷӯён ва ҳаҷми ночизи музди меҳнат вобаста аст», – мегӯянд дар Агентӣ.

Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 7 моҳи аввали соли равон беш аз 4,7 ҳазор нафар барои бекорӣ ба маблағи ҳудуди 2 млн. сомонӣ (417 ҳазор $) кӯмакпулӣ гирифтаанд.

Ба санаи 1-уми авгсти соли равон дар хадамоти Агентии шуғли аҳолӣ ҳудуди 80 ҳазор нафар ҳамчун афроди корҷӯ ва 56,7 ҳазор нафар ҳамчун шаҳрвандони расман бекор ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ин давра беш аз 12 ҳазор нафар ба касбомӯзӣ ва ҳудуди 3,5 ҳазор нафар ба корҳои ҷамъиятии пардохтшаванда равона гардида, ба зиёда аз 1,7 ҳазор нафар шаҳрвандон ҷиҳати роҳандозии фаъолияти соҳибкории хусусӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудааст.

Ба иттилои Агентӣ, дар давоми моҳҳои январ-июлисоли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳудуди 135 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2012 ба андозаи 58,5% зиёдтар аст. Дар зарфи 7 моҳи соли гузашта тақрибан 85 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда буд.

spot_imgspot_img

Популярное