Коҳиши босуръати истеҳсоли семент бар асари аз фаъолият бозмондани «Тоҷиксемент»

Тайи 7 моҳи соли равон дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна семент истеҳсол шуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин нишондиҳанда маълумоти бузургтарин корхонаи истеҳсоли семент дар кишвар «Тоҷиксемент» ҷой надорад, ки шурӯъ аз оғози сол аз фаъолият бозмондааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар […]

Пайрав Чоршанбиев


Тайи 7 моҳи соли равон дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна семент истеҳсол шуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин нишондиҳанда маълумоти бузургтарин корхонаи истеҳсоли семент дар кишвар «Тоҷиксемент» ҷой надорад, ки шурӯъ аз оғози сол аз фаъолият бозмондааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ин ҳаҷм ба андозаи 78% ё худ 12,7 ҳазор тонна зиёдтар аст (бидуни назардошти нишондиҳандаҳои «Тоҷиксемент» дар ин давра).

Дар ҳамин ҳол, бинобар сабаби қатъи интиқоли газ аз Ӯзбекистон, корхонаи «Тоҷиксемент» аз оғози сол аз фаъолият бозмонд.

Бо назардошти маҳсулоти «Тоҷиксемент», моҳҳои январ-июли соли гузашта дар ҷумҳурӣ беш аз 145 ҳазор тонна семент истеҳсол гардида буд, яъне аз фаъолият бозмондани ин корхонаи бузург ба коҳиши истеҳсоли ин масолеҳи сохтмон дар ҳаҷми беш аз 115 ҳазор тонна боис гардид.

Дар ҳамин ҳол, дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ корхонаи нави бузурги истеҳсоли семент бунёд гардид, ки ояндаи наздик ба фаъолият шурӯъ мекунад. Корхонаи муштараки «Хуаксин Гаюр Семент»-и Тоҷикистону Чин дар ноҳияи Ёвон бо иқтидори лоиҳавии 1 млн. тонна дар як сол ба сифати сӯзишворӣ танҳо аз ангишт истифода мекунад. Барои сохтмон ва харидории таҷҳизоти корхонаи мазкур 100 млн. доллари ИМА маблағ масраф шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, айни замон дар Тоҷикистон 8 корхонаи истеҳсоли семент амал мекунанд ва бузургтаринашон «Тоҷиксемент» (иқтидори лоиҳавӣ 1 млн. тонна дар як сол) аст, ки феълан аз фаъолият бозмондааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.