Дар Ховалинг мактаб-интернати нав кушода мешавад

Соли хониши нав дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг мактаб-интернати нав барои 320 нафар толибилмон ба фаъолият оғоз мекунад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ноҳияи Ховалинг Зарангез Ҳафизова хабар дод, интернат аз ҳисоби маблағи корхонаи маҳаллии «Заршӯии Одина» сохта шудааст. Ба қавли ӯ, миёни соҳибкорону ҳукумат оид ба 50%-ӣ маблағгузорӣ кардани ҷараёни таълим […]

Турко Дикаев


Соли хониши нав дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг мактаб-интернати нав барои 320 нафар толибилмон ба фаъолият оғоз мекунад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ноҳияи Ховалинг Зарангез Ҳафизова хабар дод, интернат аз ҳисоби маблағи корхонаи маҳаллии «Заршӯии Одина» сохта шудааст.

Ба қавли ӯ, миёни соҳибкорону ҳукумат оид ба 50%-ӣ маблағгузорӣ кардани ҷараёни таълим – ба ҳисоби миёна 500 $ барои ҳар як хонанда дар давоми сол қарордод баста шуда, хонадагони синфҳои 5-11 дар асоси озмун аз тамоми минтақа интихоб мешаванд ва толибилмони синфҳои ибтидоӣ танҳо аз ноҳияи Ховалинг ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, корхонаи «Заршӯии Одина», ба ҷуз истеҳолоти асосӣ ҷиҳати фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ барои аҳолии маҳаллӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад. «Аллакай 12 нафар дар коргоҳи бофандагӣ фаъолият дошта, 24 нафар дар курсҳои дӯзандагӣ касб меомӯзанд», – иброз дошт ӯ.

Ҳафизова ҳамчунин изҳор кард, ки 16 нафар дар нонвойхона 8 навъи маснӯот истеҳсол мекунанд, 6 нафар дар коргоҳи заргарӣ бо кор таъмин буда, пас аз касбомӯзӣ шумори заргарон ба 36 нафар мерасад. «Ояндаи наздик насби таҷҳизоти истеҳсоли олмонӣ барои корхонаи хурд оид ба коркарди рустаниҳову гиёҳҳои шифобахш оғоз мегардад», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.