Андозбандии сарояндагони тӯйҳо дар ҳаҷми 113 $ дар як моҳ


Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ номгӯи навъҳои фаъолияти соҳибкории инфиродиеро ба нашр расонид, ки тибқи патент амалӣ мешаванд.

Ҳамин тариқ, дар ҷумҳурӣ бар асоси патент соҳибкорони инфиродии машғул ба фурӯши яхмос, маснӯоти қаннодӣ, асал, тамоми навъи шириниҳо, самбӯса, биринҷ, мева, хушкмева, сабзавот, маҳсулоти ширӣ ва тухм фаъолият карда метавонанд.

Ҳамчунин нос, нӯшокиҳои ғайримашруботӣ, маҳсулоти нонӣ, равған, моҳӣ, қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо, маҳсулоти омехтаи гуногуни мавриди ниёзи мардум, маҳсулоти ғизойӣ аз фурӯшгоҳҳо ва ғайра низ бо патент ба фурӯш гузошта мешаванд.

Пешниҳоди хизматгузориҳои марбут ба мусиқиву рақс, барандаи тӯйу ҷашнҳо ва истифодаи дастгоҳи радиову телевизион ё дигар таҷҳизот ва аксбардориву сабти навори видеоӣ низ бар асоси патент сурат мегиранд. Дар бахши хизматгузории воситаи нақлиёт низ номгӯи патент тасдиқ шудааст.

Ғайр аз ин, ҳаҷми пардохт барои патент низ тасдиқ гардидааст. Аз ҷумла, фурӯшандаи нос ҳар моҳ барои патент бояд 240 сомонӣ (160 сомонӣ – андоз аз даромад ва 80 сомонӣ андози иҷтимоӣ) маблағ пардохт кунад. Ҳаҷми патент барои ҳоҷатҳонаи ҷамъиятӣ 180 сомонӣ (120 сомонӣ – андоз аз даромад ва 60 сомонӣ – андози иҷтимоӣ) муқаррар шудааст.

Патенти гаронтарин барои сарояндагони тӯйҳо муқаррар шудааст, ки ҳар моҳ бояд 540 сомонӣ (440 сомонӣ – андоз аз даромад) ва 100 сомонӣ – андози иҷтимоӣ) маблағи андоз пардохт намоянд.

spot_imgspot_img

Популярное