Андозбандии сарояндагони тӯйҳо дар ҳаҷми 113 $ дар як моҳ

Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ номгӯи навъҳои фаъолияти соҳибкории инфиродиеро ба нашр расонид, ки тибқи патент амалӣ мешаванд. Ҳамин тариқ, дар ҷумҳурӣ бар асоси патент соҳибкорони инфиродии машғул ба фурӯши яхмос, маснӯоти қаннодӣ, асал, тамоми навъи шириниҳо, самбӯса, биринҷ, мева, хушкмева, сабзавот, маҳсулоти ширӣ ва тухм фаъолият карда метавонанд. Ҳамчунин нос, нӯшокиҳои ғайримашруботӣ, маҳсулоти нонӣ, […]

ASIA-Plus


Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ номгӯи навъҳои фаъолияти соҳибкории инфиродиеро ба нашр расонид, ки тибқи патент амалӣ мешаванд.

Ҳамин тариқ, дар ҷумҳурӣ бар асоси патент соҳибкорони инфиродии машғул ба фурӯши яхмос, маснӯоти қаннодӣ, асал, тамоми навъи шириниҳо, самбӯса, биринҷ, мева, хушкмева, сабзавот, маҳсулоти ширӣ ва тухм фаъолият карда метавонанд.

Ҳамчунин нос, нӯшокиҳои ғайримашруботӣ, маҳсулоти нонӣ, равған, моҳӣ, қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо, маҳсулоти омехтаи гуногуни мавриди ниёзи мардум, маҳсулоти ғизойӣ аз фурӯшгоҳҳо ва ғайра низ бо патент ба фурӯш гузошта мешаванд.

Пешниҳоди хизматгузориҳои марбут ба мусиқиву рақс, барандаи тӯйу ҷашнҳо ва истифодаи дастгоҳи радиову телевизион ё дигар таҷҳизот ва аксбардориву сабти навори видеоӣ низ бар асоси патент сурат мегиранд. Дар бахши хизматгузории воситаи нақлиёт низ номгӯи патент тасдиқ шудааст.

Ғайр аз ин, ҳаҷми пардохт барои патент низ тасдиқ гардидааст. Аз ҷумла, фурӯшандаи нос ҳар моҳ барои патент бояд 240 сомонӣ (160 сомонӣ – андоз аз даромад ва 80 сомонӣ андози иҷтимоӣ) маблағ пардохт кунад. Ҳаҷми патент барои ҳоҷатҳонаи ҷамъиятӣ 180 сомонӣ (120 сомонӣ – андоз аз даромад ва 60 сомонӣ – андози иҷтимоӣ) муқаррар шудааст.

Патенти гаронтарин барои сарояндагони тӯйҳо муқаррар шудааст, ки ҳар моҳ бояд 540 сомонӣ (440 сомонӣ – андоз аз даромад) ва 100 сомонӣ – андози иҷтимоӣ) маблағи андоз пардохт намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.