Э.Раҳмон: Қирғизистон шарики табиии минтақавии Тоҷикистон аст

Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Қирғизистон Жанторо Сатибалдиевро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон Қирғизистонро “шарики табиии минтақавии Тоҷикистон” номида, ба сатҳи муносиботи ду кишвари ҳамсоя […]

ASIA-Plus


Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Қирғизистон Жанторо Сатибалдиевро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон Қирғизистонро “шарики табиии минтақавии Тоҷикистон” номида, ба сатҳи муносиботи ду кишвари ҳамсоя баҳои баланд дод. Аз яксонӣ ва ё наздикии мавқеъҳои Тоҷикистону Қирғизистон доир ба идора ва истифодаи босамари захираҳои обии минтақа ва ҳифзи муҳити зист изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи қарорҳои нахустин ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ, ки моҳи майи соли равон дар Бишкек баргузор шуда буд, зоҳир гардид. Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки ҳоло заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории миёни ду кишварро 87 санад ташкил дода, 5 санади дигар дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Бо хушнудӣ иттилоъ дода шуд, ки танҳо тайи 5 моҳи соли равон ҳаҷми мубодилаи мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 4 баробар афзоиш ёфтааст. Таъкид гардид, ки ин тамоюл бояд идома ёбад. Барои ин, густариши бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла тавассути додугирифти нерӯи барқ, додани мақоми байналмилалӣ ба гузаргоҳи сарҳадии Қарамиқ ва дигар тадбирҳо зарур шумурда шуд.

Андешидани чораҳои муштарак доир ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои оҳани Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон, Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, хатти барқии CASA-1000 аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон ва дигар тарҳҳои минтақавӣ матлуб дониста шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба таҳкими дӯстӣ ва рушди ҳамкории судбахш миёни ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвар ва омодагӣ ба ташрифи ҷавобии Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон ва баргузории ҷаласаи дуюми Шӯрои байнидавлатӣ зоҳир гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.