Як қатор мулоқоти Гул Шералӣ бо намояндагони ҳайатҳои хориҷӣ

Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар Кохи Сомони бустонсарои ҳукуматӣ вохӯрии вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо намояндагони ҳайати як қатор кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҷониби Украина таҳти сарпарастии вазири экология ва захираҳои табии Украина О. Прусяков, муовини вазири нерӯи Эрон Алиризо Доимӣ, муовини […]

ASIA-Plus


Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар Кохи Сомони бустонсарои ҳукуматӣ вохӯрии вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо намояндагони ҳайати як қатор кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҷониби Украина таҳти сарпарастии вазири экология ва захираҳои табии Украина О. Прусяков, муовини вазири нерӯи Эрон Алиризо Доимӣ, муовини аввали вазири энергетика ва оби Афғонистон Шуҷовуддин Зиёӣ, дабири кулли Паймони Нерӯ Урбан Руснак ва директори иҷроияи Ассотсиатсияи байналмилалии гидроэнергетикӣ Ричард Тейлор баргузор гардид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, зимни мулоқот масъалаҳои умумии ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноат ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар мулоқотҳои зикргардида, ҳамчунин вусъат бахшидани ҳамкориҳо ҷиҳати амалисозии мувофиқаҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии мазкур дар масъалаҳои энергетика ва саноат ҳосилгардида мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо аз натиҷаи вохурӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариш додани ҳамкориҳо дар ин бахш ба манфиатҳои мутақобилан судманд хоҳад буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.