Натоиҷи Конфронси Душанбе дар иҷлосияи 68-уми Маҷмаъи умумии СММ пешниҳод мегарданд

Натоиҷи Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд дар Душанбе роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Маҷмаъи умумии СММ пешниҳод мегарданд, ки моҳи сентябри соли равон баргузор мешавад. Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки аз рӯи натиҷаҳои конфронс лоиҳа санади марҳилавии амал қабул шудааст, […]

ASIA-Plus


Натоиҷи Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд дар Душанбе роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Маҷмаъи умумии СММ пешниҳод мегарданд, ки моҳи сентябри соли равон баргузор мешавад.

Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки аз рӯи натиҷаҳои конфронс лоиҳа санади марҳилавии амал қабул шудааст, ки дар муддати ду ҳафта ба ҳамаи кишварҳои узви СММ фиристода мешавад.

Дар баёнияи қабулшуда дар конфронс зикр мегардад, ки идоракунии захираҳои обии фаромиллӣ дар сатҳи ҳавзаҳо асоси рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, дар маҷмӯъ ба аз байн бурдани камбизоативу гуруснагӣ, таъмини солимии ҷомеа, амнияти ғизоиву энергетикӣ, ҳифзи муҳити зист, пешгирии офатҳои табиӣ, рушди устувори шаҳру деҳот ва мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим мусоидат мекунад.

«Мо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро ба баррасии имкони қабули иқдомоти иловагӣ бо мақсади таъмини афзалияти ҳар кас барои истифодаи об дар асоси боадолату муштарак ва устувор ва таъмини дастрасии он даъват мекунем», – гуфта мешавад дар баёния.

Ба гуфтаи Оқилов, дар конфронси дурӯзаи Душанбе беш аз 1 ҳазор нафар иштирок карданд, ки ҳудуди 40 давлат ва 60 созмони байнулмилаливу минтақавиро намояндагӣ карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.