Таваҷҷуҳи БАТР ба бахши энергетикаи Тоҷикистон

Дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти раиси бонк Абдуҷаббор Ширинов бо ҷаноби Масар Хонма – мудири Бонки аврупоии таҷдид ва руш (БАТР) оид ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаноби Улф Хиндстром, роҳбари намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар вохӯрӣ ва суҳбати ҷолиб ҷонибҳо дар мавриди вазифа ва масъалаҳои […]

ASIA-Plus


Дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти раиси бонк Абдуҷаббор Ширинов бо ҷаноби Масар Хонма – мудири Бонки аврупоии таҷдид ва руш (БАТР) оид ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаноби Улф Хиндстром, роҳбари намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар вохӯрӣ ва суҳбати ҷолиб ҷонибҳо дар мавриди вазифа ва масъалаҳои рӯзмарраи низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории минбаъда дар ин соҳа табодули назар намуданд.

Ҳамчунин, зимни мулоқоти судманд ҷаноби Масар Хонма, Мудири Бонки Аврупоии таҷдид ва инкишоф оид ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ изҳор дошт, ки роҳбарияти бонк барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилаи муфид дар ҷодаи рушди бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мароқ зоҳир намуда истодааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.