Дархости адвокатҳои З.Саидов аз Прокуратураи генералӣ оид ба баргузории ташхиси ДНК

Адвокатҳои соҳибкори маъруф Зайд Саидов аз Прокуратураи генералӣ дархост хоҳанд, ки барои муайян кардани эҳтимоли падар будани зерҳимояи онҳо нисбати кӯдаке, ки модараш ӯро ба таҷовуз ба номусаш айбдор мекунад, ташхиси ДНК гузаронида шавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати айбдоршаванда Исҳоқ Табаров хабар дод, онҳо аз Прокуратураи генералӣ баргузории чунин ташхисро дархост хоҳанд кард, зеро […]

ASIA-Plus


Адвокатҳои соҳибкори маъруф Зайд Саидов аз Прокуратураи генералӣ дархост хоҳанд, ки барои муайян кардани эҳтимоли падар будани зерҳимояи онҳо нисбати кӯдаке, ки модараш ӯро ба таҷовуз ба номусаш айбдор мекунад, ташхиси ДНК гузаронида шавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати айбдоршаванда Исҳоқ Табаров хабар дод, онҳо аз Прокуратураи генералӣ баргузории чунин ташхисро дархост хоҳанд кард, зеро бидуни он парвандаи Саидов набояд ба баррасии суд ирсол гардад.

«Чун мақомоти тафтишот дархости ҳанӯз аввали моҳи август пешниҳодкардаи моро дар ин хусус ба инобат нагирифтанд, мо тасмим гирифем, ки ба ин исрор биварзем ва аз ин рӯ, ба Прокуратураи генералӣ дархост дар бораи баргузории ташхиси ДНК-ро омода намудем. Умедворем, ки ин дафъа посухи мусбат мегирем», – иброз дошт Табаров.

Ёдрас мекунем, ки санаи 20-уми август адвокат хабар дода буд, ки парвандаи Зайд Саидов бидуни баргузории ташхиси ДНК ба Прокураураи генералӣ

ирсол гардид.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти тафтишот дархости онҳоро қонеъ накарда, танҳо ташхиси биологӣ гузаронидааст, ки он мувофиқат дар гурӯҳи хунро муайян карда, вале ба мушаххас намудани эҳтимоли падарӣ ба кӯдак кӯмак намекунад.

Адвокат ҳамчунин изҳор намуда буд, ки баргузории ташхиси ДНК дар Тоҷикистон ғайриимкон аст ва дар ин робита, онҳо омодаанд, ки ҳамаи хароҷоти баргузории он дар хориҷи кишварро ба зиммаи худ гиранд. Номбурда ҳамчунин гуфта буд, дар сурати қонеъ шудани дархосташон, ташхис шояд дар Олмон гузаронида шавад ва арзиши он ҳудуди 1 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки дар маросими рӯбарӯкуниии рӯзи 13-уми август соҳибкори маъруф Зайд Саидов духтареро, ки ба таҷовуз ба номусаш ӯро айбдор медонад, нашинохт. Зимни вохӯрӣ Зайд изҳор кард, ки ин духтарро бори аввал мебинад ва қаблан ӯро намешинохт, аммо духтар ӯро шинохта ба гунаҳкор кардани ӯ дар таҷовуз ба номусаш идома дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.