Ифтитоҳи як қатор иншооти нав дар ҳузури сарвари давлат


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар ифтитоҳи як зумра иншооти нав иштирок намуда, бо рафти корҳои дигари созандагию ободонӣ бевосита шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар маросими ба наздики 800 оилаи ниёзманд додани қитъаи замин барои сохтмони хонаи шахсӣ иштирок намуд.

Тавре зикр гардид, барои омодасозии инфрасохтори зарурии ин маҳалла, аз ҷумла кашидани хатҳои барқ, шабакаҳои обрасонӣ, бунёди зеристгоҳи барқӣ, роҳсозӣ ва ободонии атрофи ин минтақа дар давоми солҳои 2007-2013 аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ ба маблағи 41 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд.

Ғайр аз ин, давоми соли равон барои ободониву бунёди шабакаҳои инфрасохтори мавзеи зикршуда аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе қариб 70 миллион сомонӣ сарф карда мешавад.

Чунонки иттилоъ доданд, тибқи нақшаи генералии маҳаллаи Ховарон солҳои наздик дар ин ҷо як қатор иншооти муҳим, аз ҷумла чор мактаби нав бо тамоми шароити муосир, боғчаҳои кӯдакона, биноҳои маъмуриву маишӣ, ошхонаву марказҳои тиҷоратӣ, дармонгоҳ ва монанди инҳо сохта мешавад. Дар ин минтақа зиёда аз 60 ҳазор нафар аҳолӣ аз чор ноҳияи пойтахт ҷойгир карда мешавад.

Ҳамчунин бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт пойгоҳи инноватсионии ронандагӣ ба кор дароварда шуд.

Тавре зикр гардид, ин дувумин чунин пойгоҳ дар Тоҷикистон, вале нахустин дар шаҳри Душанбе мебошад, ки аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ бунёд меёбад. Нахустин пойгоҳи инноватсионии ронандагӣ моҳи июли соли равон дар шаҳри Қурғонтеппа аз ҷониби ҳамин гурӯҳи соҳибкорон бунёд ёфта буд.

Ин соҳибкорони ташаббускор, ки намунаи олии ҳамкории бахши хусусӣ ва давлатро ташкил намудаанд, фаъолияти ин пойгоҳро дар яукҷоягӣ бо мақомоти бозрасии давлатии автомобилӣ, мактабҳои ронандагӣ ва дигар сохторҳои мавҷуда ба роҳ мемонанд.

Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 50 адад мотосиклҳои харидоринамудаи ҳамин соҳибкорон, албатта бо розигии соҳибмулкон ба нозирони бозрасии давлатии автомобилӣ ҳадя карда шуд.

Ин пойгоҳи муосир бо мактаби ронандагӣ аз синфҳои муҷаҳҳази дарсҳои назариявӣ ва амалӣ бо макетҳои электронии мошин, майдони махсуси мошинронӣ ва ҳамчунин мошинҳои боркашу сабукрав ва автобусу мотосиклҳои нави таълимӣ иборат аст.

Аз ҷониби ин соҳибкорон барои ин мактабу пойгоҳҳои инноватсионӣ харидории беш аз 300 адад техникаи автомобилиӣ ва мотосиклҳо дар назар аст. Танҳо барои ҳамин пойгоҳ 30 адад нақлиёти сабукрав, боркаш, автобусҳо ва мотосиклҳо барои гузаронидани машқҳои ронандагӣ ва қабули имтиҳони амалии ронандагӣ ба маблағи зиёда аз 1,9 миллион сомонӣ харидорӣ шудааст. Инчунин барои муҷаҳҳазонидани майдони ронандагӣ таҷҳизоти инноватсионии компутерӣ барои сабти раванди қабули имтиҳони ронандагӣ ба шабакаи электронии ягона ба маблағи 800 000 сомонӣ васл карда шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз мошинҳои таълимӣ нишаст ва нахустин касе шуд, ки дар ин пойгоҳ имтиҳони амалии ронандагӣ супорид. Тавре аз маркази назоратӣ ва идораи мутамаркази пойгоҳ хабар доданд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин имтиҳон бо баҳои хеле баланд гузашт.

Тавре таъкид гардид, ин мактабу пойгоҳҳои инноватсионии ронандагӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ нахустинанд. Аз қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чунин пойгоҳҳо чанд адад танҳо дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербурги Федератсияи Русия мавҷуд асту бас.

Мавриди зикри хос аст, ки тамоми синфхонаҳо ва майдонҳои таълимию имтиҳонӣ ба шабакаи ягонаи электронӣ пайваст буда, ҷараёни ҳамаи корҳо тавассути камераҳои мушоҳидавӣ ва компютеру мониторҳо мудом назорат карда мешавад. Иштироки донишҷӯён дар дарсҳо ва тамоми машғулиятҳо ва имтиҳону санҷишҳо таҳти назорати камераҳои мушоҳидавӣ сурат мегирад ва на муаллим ва на каси дигар ба рафти кор дахолат карда наметавонанд. Яъне тамоми имконоти дахолати инсон ва амалҳои коррупсионӣ аз миён бардошта мешавад.

Дар ин марказ ҳоло курсҳои чилупанҷрӯзаи ронандагӣ ташкил шуда, ронандаҳои мошинҳои сабукрав, боркаш, автобус ва мотосикл омода карда мешавад. Ҳоло дарсҳо дар як баст ба роҳ монда шуда, дар як курс 90 донишҷӯй бо омӯзиш фаро гирифта мешавад. Ин тартиби кор имкон медиҳад, ки дар як сол то 500 нафар дар ин ҷо таълим гиранд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки таълим дар 2 баст ба роҳ монда шавад, то ки шумораи бештари хоҳишмандон хонда, соҳиби шаҳодатномаҳои ронандагии стандарти ҷаҳонӣ шаванд.

Масрафи умумии таъсиси пойгоҳи мазкур бо назардошти мактаби ронандагӣ ва майдони инноватсионии ронандагӣ беш аз 12 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар ин пойгоҳ 80 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд ва то охири соли равон шумораи ҷойҳои кории он то ба 200 хоҳад расид.

Ин гурӯҳи соҳибкорон нақша доранд, ки бо харҷи 100 миллион сомонӣ боз 6 то чунин пойгоҳҳо ва 30 мактаби инноватсионии ронандагӣ бо садҳо ҷойи кории дигар дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар то охири соли равон омода созанд. Нисфи ҳамин пойгоҳу мактабҳо, аллакай то моҳи сентябри соли равон ба кор дароварда мешавад.

Ин соҳибкорони ташаббускор дар якҷоягӣ бо роҳбарияти бозрасии давлатии автомобилӣ азм доранд, ки оянда додани шаҳодатномаҳои ронандагии биометрӣ ва шароити зарурии истифодаи онҳоро дар Тоҷикистон ба роҳ монанд. Дар доираи ин лоиҳа, аз ҷумла дар Раёсати бозрасии давалтии автомобилии ҷумҳурӣ Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода мешавад, ки ба таври автоматӣ ҳаракат дар тамоми роҳҳои ба ин кор мутобиқшударо назорат ва идора менамояд.

spot_imgspot_img

Популярное