Форуми I-уми байнулмилалии иқтисодӣ дар Хоруғ

Рӯзҳои 30-31-уми август дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ таҳти унвони «Имконоти сармоягузорӣ ба рушди Помир» Форуми I-уми байнулмилалии иқтисодӣ баргузор мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ иттилоъ доданд, форум аз ҷониби ин вазорат созмон дода шуда, ба рушди бахши сайёҳӣ ва тиҷорат дар Помир мусоидат мекунад. «Форум […]

Заррина Эргашева


Рӯзҳои 30-31-уми август дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ таҳти унвони «Имконоти сармоягузорӣ ба рушди Помир» Форуми I-уми байнулмилалии иқтисодӣ баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ иттилоъ доданд, форум аз ҷониби ин вазорат созмон дода шуда, ба рушди бахши сайёҳӣ ва тиҷорат дар Помир мусоидат мекунад.

«Форум дар шакли интерактивӣ ҷараён гирифта, иштирокчиён ба омӯзиши пурраи барномаҳои сармоягузорӣ, дарёфти шарикон барои роҳандозии тиҷорат, ташкили ҳамкориҳо, боздид аз мавзеи сайёҳӣ ва иштирок дар семинару мубоҳисаҳо имкон пайдо мекунанд. Ба иштирокчиён имконоти сармоягузорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, аз ҷумла моҳипарварӣ, коркарди пӯст, шир ва гӯшт, кӯҳнавардӣ, сайёҳӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои хурд, истихроҷ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо пешниҳод хоҳанд шуд», – гуфтанд дар вазорати мазкур.

Ба иттилои манбаъ, як қисмати форум дар минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим доир хоҳад гардид. Дар фарҷоми форум оид ба ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ёддоштҳои ҳусни тафоҳум ба имзо мерасанд.

Дар кори форум мансабдорони расмии давлатӣ, роҳбарони корхонаҳои бахши хусусӣ, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва корхонаҳои бузургтарини ҷумҳурӣ ширкат хоҳанд варзид, то ки стратегия барои рушди пурсамари Помирро баррасӣ намуда, дар минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим шароитҳои мусоид барои роҳандозии тиҷоратро фароҳам оваранд.

Қобили зикр аст, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 50%-и қаламрави Тоҷикистонро фаро мегирад. Суръати миёнаи афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳудуди 7%-ро ташкил медиҳад. Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» соли 2011 таъсис ёфта, майдони умумиаш ба 200 гектар баробар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.