Вохӯрии Р.Раҳимов бо намояндагони диаспораҳои тоҷикони Урал

Дар ҳошияи иштирок дар кори мушовараи муттаҳидаи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикисону Русия дар шаҳри Екатеринбург, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов бо намояндагони диаспораҳои тоҷикони ҳавзаи федералии Урали Русия вохӯрӣ гузаронид. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД ҶТ, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов нахуст дуруду паёми гарму самимонаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба мардуми шарафманди […]

ASIA-Plus


Дар ҳошияи иштирок дар кори мушовараи муттаҳидаи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикисону Русия дар шаҳри Екатеринбург, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов бо намояндагони диаспораҳои тоҷикони ҳавзаи федералии Урали Русия вохӯрӣ гузаронид.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД ҶТ, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов нахуст дуруду паёми гарму самимонаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба мардуми шарафманди Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ менамоянд, расонида, иброз намуд, ки «Воқеан ба дӯши ҳар як нафаре, ки дур аз Ватан қарор дорад, масъулияти басо муҳими ҳассос, кору таҳсил, ранҷу заҳмат ва ҳалли мушкилоту масъалаҳое меистанд, ки ҳамарӯза пешорӯи онҳо қарор гирифта, ҳалли ногузири худро тақозо менамоянд».

Вазири корҳои дохилӣ ҳамватанони бурунмарзиро бо фарорасии ҷашни бузургу тақдирсози миллати тоҷик – Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муборакбод намуд. Дар рафти мулоқоти пурмӯҳтаво байни вазири корҳои дохилӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ, донишҷӯён, муҳоҷирони меҳнатӣ ва намояндагони васеи диаспораҳои тоҷик дар округи Урали Федератсияи Россия сӯҳбати озоду самимӣ ва саволу ҷавоб доир гардида, Рамазон Раҳимов ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас дод.

Дар фарҷом ансамбли овозадори «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо сурудҳои ҷаззобу дилкаши худ табъи ҳозиринро болида намуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.