Мурофиаи судии даъвои зиёиён нисбати газетаи «Азия-Плюс» боз ба таъхир афтод

Мурофиаи судӣ оид ба баррасии даъвои Академияи улуми ҶТ ва Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ва ҳамдаъвогарон, Иттиҳоди рассомон, Иттиҳоди оҳангсозон, Иттиҳоди меъморони Тоҷикистон, номзади улуми тиббӣ, корманди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Дилбар Абдиева, профессори улуми таърих Аскаралӣ Раҷабов ва шоир Ҳикмат Раҳматов нисбати газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина дар бораи ҳифзи шаъну шараф, мартабаи […]

ASIA-Plus


Мурофиаи судӣ оид ба баррасии даъвои Академияи улуми ҶТ ва Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ва ҳамдаъвогарон, Иттиҳоди рассомон, Иттиҳоди оҳангсозон, Иттиҳоди меъморони Тоҷикистон, номзади улуми тиббӣ, корманди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Дилбар Абдиева, профессори улуми таърих Аскаралӣ Раҷабов ва шоир Ҳикмат Раҳматов нисбати газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина дар бораи ҳифзи шаъну шараф, мартабаи корӣ ва ситонидани ҷуброни зарари маънавӣ боз мавқуф гузошта шуд. Бинобар ҷой доштани иштибоҳот дар таҳияи аризаи даъвогӣ, суд ба даъвогарон ҷиҳати ислоҳи он то 3-юми сентябр муҳлат дод.

Тавре ҳуқуқшиноси ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов хабар дод, ҷониби даъвогар ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ ва замима ба даъворо пешниҳод намуда, онҳо ба талаботи Кодекси мурофиавии шаҳрвандӣ ҷавобгӯ набуданд. «Аз ин рӯ, ҷониби даъвогар дархост кард, ки даъвогарон камбудиҳоро ислоҳ намоянд», – гуфт ӯ.

Дирӯз, 26-уми август муҳаррири ҳафтавори «Азия-Плюс» Олга Тутубалина ва идораи нашрия нисбати аризаи даъвогии мазкур ба суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт эътироз пешниҳод намуданд. Дар эътироз зикр мегардад, ки даъвои пешниҳодшуда беасос ва поймолкунандаи ҳуқуқ мебошад.

Бо истифодаи аз ҳуқуқи конститутсионии худ Тутубалина назари интиқодии худро изҳор намуд, ки дар он манфиатҳои тамоми зиёиён дар назар дошта нашудааст. Ғайр аз ин, ба масъулияти шаҳрвандиву ҳуқуқӣ ҷалб кардани журналист барои интиқод тибқи Конуститусияи Тоҷикистон, Қонун дар бораи ВАО ва матбуоти даврӣ, Муоҳадаи байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ қатъиян манъ аст.

Ёдрас мекунем, ки

мурофиаи судии аввал

санаи 19-уми август доир гардид. Пас аз баррасии далелҳои пешниҳодгардида судяи парвандаи мазкур, муовини раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сурайё Ҷобирова таъинот содир намуда, ба даъвогарон барои ислоҳи камбудиҳо то 27 август муҳлат дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.