Роҳбари маркази матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев имрӯз ба ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба бедаракшавии 5 нафар сокинони ноҳияи наздимарзии Панҷакент изҳор намуд, ки аз қисми навбатдории ин шаҳр дар ин бора ба онҳо маълумот нарасидааст.
Ёдрас мекунем, ки ҳамсари яке аз бедаракшудагон Норчучук Эшмуродова қаблан ба Хабаргузории «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки рӯзи 10-уми июл ҳамсари 74-солаи ӯ Мардон Бӯриев, писараш Сулаймон, наберааш Манучеҳр ва ҳамчунин ҳамсояҳояш Исрофил Билолов ва Шоҳрух Қосимов бедарак шудаанд.
Ба қавли Норчучук Эшмуродова, чанде қабл набераааш Манучеҳр бо ӯ дар тамос шуда, дархост кардааст, ки ӯро озод намоянд. Манучеҳр хабар додааст, ки дар Тошканд қарор дорад. Дар бораи дигар бедаракшудагон ӯ маълумоте дар даст надорад.
Бо такя ба гуфтаҳои шоҳидон ӯ гуфт, шоми 10-уми июл онҳо дар як замини ҷамоати Фароб машғули кор будаанд, ки 20 нафар марзбонони ӯзбек онҳоро боздошт ва бо худ бурдаанд. Он рӯз ӯ дарҳол ба посгоҳи марзии «Фароб» рафта, ҳамроҳи марзбонони тоҷик аз пайи «дуздон» шудаанд, вале онҳо аллакай дар он сӯй марз қарор доштаанд.
Ба эътиқоди ин зан онҳо дар қаламрави Тоҷикистон боздошт шуда будаанд.



