Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс

– Дар маҳаллаҳои Авул ва Ҷомии пойтахт бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ду мактаби нав баргузор мешавад;

– Дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷаласаи судӣ оид ба барррасии даъвои як гурӯҳи зиёиён нисбати ҳафтавори «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина доир мегардад. Оғоз соати 09:00;

– Вохӯриҳои ҷавобии даври 1/8 финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон. «Энергетик» – «Нури Норак», «Эсхата» – «Зарафшон», «Хайр» – «Вахш», «Равшан» – «Далерон-Ӯротеппа». Оғози бозиҳо соати 16:30;

– Маросими ифтитоҳи пойгаи автомобилронӣ (автодром)-и автоматишуда (назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, микрорайони 46-ум). Оғоз соати 08:30;

– Идомаи намоишгоҳи мултимедиявии «Боғи умед. Саёҳат ба ҷаҳони гуногуншаклии биологии Тоҷикистон» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон.  



Қурби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7674

сомонӣ;


1

евро

– 6.2259

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1485

сомонӣ.



Як рӯзи таърих




1955

– Китоби нахустини рекордҳои Гиннес дар 198 саҳифа ба нашр расид.


1906-1975

– Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Иброҳимҷон Норматов.


1935

– Мавлуди актёри кино Марат Орифов.



Вазъи обуҳаво




Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +28+33.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +20+25.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +27+32.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +11+16, рӯзона +26+31;  дар шарқи вилоят шабона 0+5, рӯзона +14+19.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +34+36.

spot_imgspot_img

Популярное