АНМН: Мусодираи миқдори зиёди маводи мухаддир дар пойтахт

Дар натиҷаи як амалиёти муваффақонаи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ миқдори зиёди маводи мухаддир дар пойтахт мусодира гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур хабар доданд, зимни амалиёт дар қаламрави пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» боздошт гардида, зимни кофтуков аз дохили он ду […]

ASIA-Plus


Дар натиҷаи як амалиёти муваффақонаи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ миқдори зиёди маводи мухаддир дар пойтахт мусодира гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур хабар доданд, зимни амалиёт дар қаламрави пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» боздошт гардида, зимни кофтуков аз дохили он ду баста пайдо карда мешавад.

«Ташхис дар озмоишгоҳи Агентӣ муайян кард, ки ин мавод ҳашиш ва афюн буда, мутаносибан 11 ва 2 кило вазн доранд», – гуфтанд дар Агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, маводи мусодирашуда ба мусофири автомашина, сокини вилояти Хатлон таллуқ доштаанд, ки дар муддати кӯтоҳ соҳиби пули зиёд шуданӣ будааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, боздоштшуда дар тавқифгоҳи мувақкатии Агентӣ нигоҳ дошта мешавад. Ҳамин тариқ, боз як роҳи интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон ва минбаъд кишварҳои узви ИДМ аз байн бурда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.