Қӯрғонтеппа: Оғози ҷамъоварии ҳосили пахта

Хоҷагиҳои пахтакори гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ба ҷамъоварии ҳосили пахтаи имсола шурӯъ намуданд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, то имрӯз деҳқонон ҳудуди 4,3 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 3,4 ҳазор тонна зиёдтар аст. Ба иттилои манбаъ, маъракаи […]

Пайрав Чоршанбиев


Хоҷагиҳои пахтакори гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ба ҷамъоварии ҳосили пахтаи имсола шурӯъ намуданд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, то имрӯз деҳқонон ҳудуди 4,3 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 3,4 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Ба иттилои манбаъ, маъракаи умумии ҷамъоварии ҳосил пахта дар саросари кишвар ҳанӯз оғоз нагардидааст. Дар ноҳияҳои пахтакори минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва хоҷагиҳои навоҳии тобеи марказ корҳои омодагӣ ба ҷамъоварии ҳосил ҷараён доранд. Дар робита ба вазъи иқлим ҷамъоварии ҳосил дар вилояти Суғд дертар шурӯъ мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар Тоҷикистон имсол дар майдони 192 ҳазор гектар пунбадона кишт шуд. Соли гузашта пунбадона дар майдони ҳудуди 200 ҳазор гектар кишт шуда, 415 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.