Баррасии масъалаи таҳкими амният дар маҷлиси навбатии Шӯрои амният

Имрӯз таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлис, асосан ду мавзӯъ – омодасозии хоҷагии халқи кишвар ба тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 ва таҳкими амният вобаста ба хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 баррасӣ шуд. Доир […]

ASIA-Plus


Имрӯз таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлис, асосан ду мавзӯъ – омодасозии хоҷагии халқи кишвар ба тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 ва таҳкими амният вобаста ба хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 баррасӣ шуд.

Доир ба мавзӯи якуми маҷлиси Шӯрои амният гузориши Сарвазири кишвар Оқил Оқилов шунида шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масоили омодагӣ ба зимистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аз масъулин талаб кард, ки доир ба таъминот бо ангишт, гази моеъ, озуқаворӣ, захираи кофии ин мавод дар муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, омодасозии шабакаҳои гармидиҳии пойтахт ва дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ чораҳои саривақтӣ амалӣ намоянд.

Супоришҳои мушаххас доир ба кашондан ва захира кардани маводи сӯхту озуқаворӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳои баландкӯҳ дода шуд.

Доир ба мавзӯи дуюми маҷлис роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот гузориш доданд. Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, таҳкими амнияту субот дар кишвар ва марзҳо бо Афғонистон, мубориза бо падидаҳои терроризму ифротгароӣ ва ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ зоҳир гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.