Вазири корҳои дохилӣ бо диаспораи тоҷикони вилояти Свердловск вомехӯрад

Дар доираи иштирок дар кори ҷаласаи мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Русияву Тоҷикистон, ки рӯзҳои 26-27 август дар шаҳри Екатеринбурги Русия доир мегардад, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов бо намояндагони диаспораи тоҷикон дар вилояти Свердовск вохӯрӣ анҷом медиҳад. Бино ба иттилои як манбаъ аз ВКД ҶТ, дар ҷаласаи мушовара ҷараёни иҷрои нақшаи кории муштараки […]

Аваз Юлдошев


Дар доираи иштирок дар кори ҷаласаи мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Русияву Тоҷикистон, ки рӯзҳои 26-27 август дар шаҳри Екатеринбурги Русия доир мегардад, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов бо намояндагони диаспораи тоҷикон дар вилояти Свердовск вохӯрӣ анҷом медиҳад.

Бино ба иттилои як манбаъ аз ВКД ҶТ, дар ҷаласаи мушовара ҷараёни иҷрои нақшаи кории муштараки ВКД ҳарду кишвар барои соли 2013 ва нақшаи ҳамкорӣ дар соли 2014 мавриди баррасӣ қарор мегирад.

«Дар ҷаласа ҳамчунин баррасии масоили марбут ба ҳамкории мутақобилаи тарафайн дар бахши мубориза бо ифротгароӣ ва терроризми байнулмилалӣ, ҷинояткории фаромарзӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар назар аст», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз вазифаи асосии ҳамкории мақомоти ҳарду тараф дар табодули маълумоти фаврии муҳим мебошад, то ки ба андешидани тадбирҳои пешгирӣ алайҳи фаъолияти созмонҳои террористии байнулмилалӣ имкон фароҳам оварад.

Қобили зикр аст, ки нимослаи аввали соли равон дар натиҷаи баргузории панҷ амалиёти муштараки кормандони Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 50 кило маводи мухаддири героин мусоидра гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.