Идомаи гуфтушуниди Тоҷикистону Эрон оид ба анҷоми сохтмони нақби «Истиқлол»

Ахири ҳафтаи гузашта дар Вазорати нақлиёт, мулоқоти навбатии намояндагони Тоҷикистон бо намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба масъалаҳои вазъи кунунии нақби Истиқлол, интиқоли маблағҳои саҳми  ҷониби эронӣ ба суратҳисоби муштарак, мушкилиҳо ва таъхирёбии иҷроиши корҳо дар нақб, таҳияи нақшаи корӣ ва мушаххас намудани фаъолияти минбаъда дар ин самт доир гардид. Муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ […]

Заррина Эргашева


Ахири ҳафтаи гузашта дар Вазорати нақлиёт, мулоқоти навбатии намояндагони Тоҷикистон бо намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба масъалаҳои вазъи кунунии нақби Истиқлол, интиқоли маблағҳои саҳми  ҷониби эронӣ ба суратҳисоби муштарак, мушкилиҳо ва таъхирёбии иҷроиши корҳо дар нақб, таҳияи нақшаи корӣ ва мушаххас намудани фаъолияти минбаъда дар ин самт доир гардид.

Муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки сарфи назар аз камбудиҳои мавҷуда дар нақби «Истиқлол», вазифаи асосии он замон – пармакунии нақб ва таъмини равуоро набояд фаромӯш сохт.

«Шояд ин як хатогие буд, вале раҳбарияти соҳаи нақлиёти ҳамон замон тасмим гирифтанд, ки муҳимтар аз ҳама таъмини равуо тавассути нақб буда, дигар корҳо минбаъд анҷом дода мешаванд ва вазифа ба иҷро расида, нақб парма шуд, – гуфт ӯ. – Дар мавриди ҷудо нагардидани маблағ аз ҷониби Эрон бобати анҷоми сохтмони нақб баҳсҳои зиёде мавҷуданд, вале ба бародарони эронӣ мебояд боз як имкони дигар дод. Ташвиши шаҳрвандонро мефаҳмам, чнуки нақбе мавҷуд аст, ки бидуни ҳарос онро муддати чанд дақиқа тай мекунӣ ва ҳам нақбе мавҷуд аст, ки вазъаш хеле ташвиошовар аст».

Ганҷалов аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ба бастани нақб ба муддати чанд моҳ барои анҷоми марҳилаи ниҳоии корҳои сохтмонӣ дар нақб бо ҳисси дарку масъулият рафтор кунанд. «Ин кор имсол шояд ба вуқӯъ напайвандад. Тоҷикистон маблағи худ барои ин корҳоро ба суратҳисоби махсус гузаронида, интизори маблағҳои ҷониби Эрон аст», – иброз дошт ӯ.

Сохтмони нақби «Истиқлол» моҳи сентябри соли 2003 оғоз гардида, баҳри он Эрон 31 млн. доллари ИМА маблағи қарз ҷудо намуд, ки 10 млн. доллари ИМА бурс ва 21 млн. доллари ИМА ба сифати қарз буд. Паймонкори сохтмони иншоот ширкати эронии Sobir International аст. Пармакунии нақб моҳи марти соли 2006 ба итмом расида, аммо корҳои сохтмонӣ дар иншоот пурра ба итмом нарасидаанд. Марҳилаи ниҳоии корҳои сохтмонӣ бетонрезии нақб аст.

Тибқи мувофиқаи ҳосилшудаи қаблӣ, ҷиҳати иҷрои корҳои боқимондаи лоиҳавӣ Тоҷикистон 3 млн. доллари ИМА ва Эрон низ 3 млн. доллари ИМА маблағи бурсӣ ҷудо мекунанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.