Дархости ҷамъе аз фаъолон оид ба пуштибонӣ аз Умаралӣ Қувватов

Ҷамъе аз фаъолон ба хотири пуштибонӣ аз роҳбари ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов, ки айни замон дар Дубай дар ҳабс қарор дорад,  ба СММ, Human Rights Watch, Amnesty International ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи башар муроҷиат намуданд. Дар муроҷиатнома зикр мегардад, ки Умаралӣ Қувватов, сиёсатмадор ва раҳбари ҷунбиши сиёсии «Гурӯҳи 24» […]

ASIA-Plus


Ҷамъе аз фаъолон ба хотири пуштибонӣ аз роҳбари ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов, ки айни замон дар Дубай дар ҳабс қарор дорад,  ба СММ, Human Rights Watch, Amnesty International ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи башар муроҷиат намуданд.

Дар муроҷиатнома зикр мегардад, ки Умаралӣ Қувватов, сиёсатмадор ва раҳбари ҷунбиши сиёсии «Гурӯҳи 24» дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб дар боздошт аст. Ӯро моҳи январи соли ҷорӣ ҳангоми убур аз ин кишвар, ба дархости ҳукумати Тоҷикистон боздошт ва ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ин сиёсатмадори тоҷик як силсила иттиҳомотеро ворид кардааст. Бар пояи гуфтаи вукалои мудофеъи Қувватов, бо ин ки ҳеч як аз ин иттиҳомот собит нашудаанд, вале ин додгоҳ баъд аз баргузории ду давра аз ҷаласаи дидгоҳ, тасмим дорад ӯро ба Тоҷикистон истирдод намояд.

«Танҳо ҷурми Умаралӣ Қувватов ин аст, ки ӯ аз ҷиноятҳои бархе аз доираҳои ҳукуматӣ ва бавижа раъси ҳирами қудрат дар Тоҷикистон дар ҳаққи мардум парда бардошт ва бо аснод ва мадорики мувассақ ба ифшосозии онҳо аз тариқи расонаҳо пардохт. Мо мӯътақидем, ки Умаралӣ Қувватов фақат ба хотири ҳамин ифшосозияҳош боздошт шуда ва инак ба эҳтимоли зиёд ба Тоҷикистон истирдод шавад», – баён мегардад дар муроҷиатнома.

Ба андешаи фаъолон, агар ин сиёсатмадори тоҷикро ба Тоҷикистон баргардонанд, ӯро ё марг дар интизор аст ва ё озору азияту шиканҷа. «Аз тамомии замирҳои бедор дар ҷаҳон ва бавижа созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар тақозо мекунем, нагузоранд ин сиёсатмадори тоҷик ба Тоҷикистон истирдод шавад», – гуфта мешавад дар муроҷиатнома.

Зери матни муроҷиатнома ҳудуди 200 нафар фаъолон, аз ҷумла ҳамсари боздоштшуда Қумрӣ Ҷабборова, роҳбарони ҳаракати «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев, Ҳаракати миллии Тоҷикистон Темур Варқӣ, адвокати ӯ Николай Николаев ва афроди ҷудогона Бахтиёр Сатторӣ, Парвиз Расулов, Саидюнус Истаравшанӣ, Нуриддин Маҳкамов, Ботур Қосимӣ, журналистон Дориюши Раҷабиён, Халил Қаюмзод, Равшан Темуриён, намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Воҳидҷон Қосиддинов, шоир Абдулқодир Алавӣ ва дигарон имзо гузоштаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.