Даргузашти академик Ҳамид Мансуров дар синни 88-солагӣ

Рӯзи 25-уми август академик, доктори улуми тиббӣ, мудири Пажуҳишгоҳи гастроэнтереологии Академия улуми Тоҷикистон Мансур Ҳамидов пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 88-солагӣ аз олам даргузашт. Имрӯз ҷасади ӯ дар ормогоҳи Лучоб ба хок супорида шуд. Ҳомид Мансуров 25-уми декабри соли 1925 дар Самарқанд ба дунё омадааст. Дар Донишкадаи тиббии Самрақанд (солҳои 1942-1947) ба маълумоти олӣ […]

ASIA-Plus


Рӯзи 25-уми август академик, доктори улуми тиббӣ, мудири Пажуҳишгоҳи гастроэнтереологии Академия улуми Тоҷикистон Мансур Ҳамидов пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 88-солагӣ аз олам даргузашт. Имрӯз ҷасади ӯ дар ормогоҳи Лучоб ба хок супорида шуд.

Ҳомид Мансуров 25-уми декабри соли 1925 дар Самарқанд ба дунё омадааст. Дар Донишкадаи тиббии Самрақанд (солҳои 1942-1947) ба маълумоти олӣ соҳиб гардид. Солҳои 1947-1950 аспирантураи назди Академияи улуми Иттиҳоди Шӯравӣ дар Маскавро хатм кард. Баъди ҳимояи муваффақонаи унвон ба Душанбе омада, дар Донишкадаи тиббии Тоҷикистон ба сифати ассистент, дотсент, и. в. мудири кафедраи терапия фаъолият намудааст.

Аз соли 1962 то охири умр директори Пажуҳишгоҳи гастроэнетереологии Академияи улуми ҶТ буд. Ҳамид Мансуров доктори улуми тиббӣ, профессор, Арбоби шоистаи илми Тоҷикисион мебошад. Соли 1974 узви фахрии Асссосиатсияи гастроэнтереологии Маҷористон, соли 1976 узви вобастаи Ассосиатсияи интернистони Лаҳистон ва соли 1977 узви фахрии Ҷамъияти илмии тиббии гастроэнтереологҳои Булғория интихоб шудааст. Барои хизматҳои шоён дар соҳаи тиб ва тарбияи кадрҳои илмӣ ба мукофотҳои сершумор сазовор гардидааст.

Солҳои наврасиву ҷавонӣ Мансуров дар манзили асосгузори адабиёти советии тоҷик Садриддин Айнӣ иқомат дошт. Ҳамид Мансуров 700 кори илмӣ ва 12 китоб таълиф кардааст.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.