Барориши партовҳо аз Душанберо комиссияҳои ҷамъиятӣ назорат мекунанд

Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти садорати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласаи мазкур масоили мубрами хоҷагидории шаҳр,  қабл аз ҳама беҳдошти вазъи санитарию экологӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, омодагии мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба соли […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти садорати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласаи мазкур масоили мубрами хоҷагидории шаҳр,  қабл аз ҳама беҳдошти вазъи санитарию экологӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, омодагии мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба соли нави хониш ва тибқи анъаноти шаҳрдорӣ ҳолати ба истифодадиҳии иншоотҳои мухталиф, ки аз рӯи нақшаҳои сохтмонӣ дар остонаи Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорияшон муқаррар гардидааст, баррасӣ гардиданд.

Бо дахли масъалаҳои мутазаккира Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас ироа карда, дар иртибот ба  барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо бо дарназардошти муроҷитаҳои шаҳрвандон унвонии шаҳрдорӣ, муқаррар сохт, ки нисбати фаъолияти сохторҳои зидахли ноҳиявӣ ва мақомоти масъули назорати давлатӣ дар ин самт аз ҷониби комиссияҳои ҷамъиятӣ назорати доимӣ  ба роҳ монда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон тариқи хати CASA-1000 тобистони соли оянда оғоз мешавад

Инро намояндагони ширкати паймонкори қитъаи афғонистонии хатти интиқоли барқи байниминтақавӣ ваъда медиҳанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.