ВКХ Туркманистон аз изҳороти нахуствазири Тоҷикистон дар ҳайрат аст

Дар иттилои махсуси рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта пахшшудаи Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон зикр мегардад, ки Туркманистон ба Тоҷикистон ҷиҳати дар шакли партоби холӣ нигоҳ доштани ҳаҷми иловагии об аз обанбори Норак ягон дархост ирсол накардааст. Дар изҳороти ВКХ Туркманистон гуфта мешавад, нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов изҳор намудааст, ки соли равон барои таъмини обёрии заминҳои кишт […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар

иттилои махсуси

рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта пахшшудаи Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон зикр мегардад, ки Туркманистон ба Тоҷикистон ҷиҳати дар шакли партоби холӣ нигоҳ доштани ҳаҷми иловагии об аз обанбори Норак ягон дархост ирсол накардааст.

Дар изҳороти ВКХ Туркманистон гуфта мешавад, нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов изҳор намудааст, ки соли равон барои таъмини обёрии заминҳои кишт Тоҷикистон дар шакли партоби холӣ аз обанбори Норак Туркманистонро дастгирӣ намудааст.

«Нахуствазири Тоҷикистон ишора кард, ки маҳз ба туфайли «дастгирӣ»-и Тоҷикистон ҳосили заминҳои кишти кишварҳои поёноб эмин нигоҳ дошта шудаанд. Ин гуфтаҳо асоси воқеӣ надоранд. Дар ҳолати мазкур ҳосили заминҳои кишти Туркманистон танҳо дар натиҷаи саривақт анҷом додани чорабиниҳои пешгирии камобӣ, яъне истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ эмин нигоҳ дошта шуд», – таъкид месозад ВКХ Туркманистон.

Дар изҳорот ҳамчунин баён мегардад, ки тибқи иттилои ВАО-и Тоҷикистон, ҷониби Тоҷикистон баҳри ноил гардидан ба ҳаҷми ниҳоии ҷамъоварии об ва ҳамзамон кӯмак расонидан ба Туркманистон, тадбирҳо андешидаастт. «Аммо ҷамъоварии воқеии об дар обанбори Норак дар реҷаи маъмулӣ, бидуни ҳеҷ истисноҳое сурат мегирад, ки ба дар ҳаҷми 99,2%-и обанбор захира крадани об имкон фароҳам овардааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки обгирии Туркманистон аз ҳавзаи Амударё то лимити худ нарасидааст. Аз ин рӯ, дар ин ҳолат роҷеъ ба ҳеҷ кӯмаке сухан гуфтан нашояд», – зикр мегардад дар изҳорот.

Дар изҳороти ВКХ Туркманистон илова мегардад, ки «бо назардошти гуфтаҳои боло, ҷониби Туркманистон дар робита ба изҳороти мазкур ва ғайривоқеиву бемаврид будани он изҳори нофаҳмӣ ва нигаронӣ  мекунад».

Ёдрас мекунем, ки

зимни нишасти хабарӣ

оид ба натиҷаҳои Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об нахуствазири Тоҷикистон зикр карда буд, ки Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо кишварҳои поёноб дар масоили истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ҳамеша омода аст.

Дар робита ба ҳамкориҳои мутақобила дар ин самт нахуствзири Тоҷикистон чунин изҳор карда буд: «Баҳори имсола сард омада, мо фурсат пайдо накардем, ки дар обанбори Норак ба қадри кофӣ об ҷамъоварӣ намоем. Ба мо аз ҳукумати Туркманистон муроҷиат карданд, ки аз ҳисоби партобҳои холӣ аз обанбор онҳоро дастгирӣ намоем ва дар як вақт ба ҷамъовари об ба ҳадди ниҳоӣ фурсат пайдо кунем. Тибқи ҳисобҳоямон, мо ба партобҳои холии об шурӯъ кардем. Албатта, мо метавонистем дархости онҳоро рад намуда, бигӯем, ки аввал то ҳадди ниҳоӣ дар обанбор обро ҷамъоварӣ кардан зарур аст. Аммо дар ин ҳолат Туркманистон ва дигар кишварҳои поёноб барои обёрии заминҳои кишт фурсатро аз даст ва ҳосилро талаф медоданд».

Оқилов илова намуда, буд, ки «ин ҳусни тафоҳуму мувофиқат буда, ҳамеша ба манфиати кишварҳои минтақа мебошанд ва хоҳад буд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон тариқи хати CASA-1000 тобистони соли оянда оғоз мешавад

Инро намояндагони ширкати паймонкори қитъаи афғонистонии хатти интиқоли барқи байниминтақавӣ ваъда медиҳанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?