Онишенко назорати қатораҳои Тоҷикистонро пурзӯртар мекунад

Хадамоти санитарии Русия то ҳол нисбати қатраҳои Тоҷикистон эродҳо дорад.  «Мо ба Тоҷикистон то ҳанӯз баъзе суолҳо дорем. Дар ин самт чораҳо андешида мешаванд, вале кофӣ нестанд», – гуфтааст ба хабаргузории Интерфакс роҳбари Роспотребнадзор сардухтури давлатии санитарии Русия Геннадий Онишенко. Ба гуфтаи ӯ, пас аз эродҳои Русия, Тоҷикистон 16 вагони нав харидааст, вале ин як […]

Пайрав Чоршанбиев


Хадамоти санитарии Русия то ҳол нисбати қатраҳои Тоҷикистон эродҳо дорад. 


«Мо ба Тоҷикистон то ҳанӯз баъзе суолҳо дорем. Дар ин самт чораҳо андешида мешаванд, вале кофӣ нестанд», – гуфтааст ба хабаргузории Интерфакс роҳбари Роспотребнадзор сардухтури давлатии санитарии Русия Геннадий Онишенко.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз эродҳои Русия, Тоҷикистон 16 вагони нав харидааст, вале ин як қатора буда, шумори ҳамаи қатораҳо 10 ададро ташкил медиҳанд. «Боқимондаро мебояд иваз ё таъмир намуд, вале таъмир нисбати харидани вагони нав гаронтар меафтад», – иброз доштааст Онишенко.

Роҳбари «Роспотребнадзор» ҳамчунин зикр кардааст, ки онҳо мониторингро идома медиҳанд, вале онро пурзӯр хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» пас аз қазияи моҳи апрел бо қатораҳои Тоҷикистон ба харидории вагонҳои нав идома медиҳад. Дар нимсолаи аввали соли равон корхона 150 адад вагонҳои боркаш ва 15 вагони мусофирбари нав дастрас намудааст. Айни замон парки КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз 2 ҳазору 269 адад вагони боркаш, 436 вагони мусофирбар ва 56 тепловоз иборат аст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 14-уми апрели соли равон ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин ва Геннадий Онишенко зимни боздид аз истгоҳи Ақсарайски вилояти Астрахан бо вазъи иншооти хадамоти марзбонӣ ва гумрук ошно гардида, ҳамроҳи роҳбари Роспотребнадзор Геннадий Онишенко бо вазъи қатораи Душанбе-Маскав низ

шинос шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Монеи издивоҷ бо дӯстдухтар шуданд. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.