Имзои лоиҳаи ниҳоии пешазинтихоботии Консепсияи ИНИТ

Дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда лоиҳаи ниҳоии Консепсияи пешазинтихоботии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) ба имзо расид. Зимни ҷаласаи аъзои ИНИТ эълон гардид, ки хоҳишмандони имзои ин Консепсия то пешбарии номзади ягона аз ИНИТ метавонанд зери ин санад имзо гузоранд. Номзади ягона аз ИНИТ барои иштирок дар маъракаи интихоботи президенти […]

ASIA-Plus


Дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда лоиҳаи ниҳоии Консепсияи пешазинтихоботии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) ба имзо расид.

Зимни ҷаласаи аъзои ИНИТ эълон гардид, ки хоҳишмандони имзои ин Консепсия то пешбарии номзади ягона аз ИНИТ метавонанд зери ин санад имзо гузоранд. Номзади ягона аз ИНИТ барои иштирок дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон рӯзи 17-уми сентябр эълон мешавад.

Дар зер лоиҳаи пешазинтихоботии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистонро манзуратон мекунем:

Муқаддима

 Санади мазкур дидгоҳҳои умумии ҳизбу созмонҳо ва шахсиятҳои аъзои ИНИТ дар бораи ояндаи Тоҷикистон мебошад, ки бояд меҳвари барномаи интихоботии номзади ягонаи он қарор бигирад.

 I. Ислоҳоти конститутсионӣ

 Ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ, хусусан:

 а) маҳдуд намудани муҳлати президентӣ ба ду чорсола ва тақсими салоҳиятҳои идораи давлат байни Президент, Сарвазир ва парламент;

 б) боқӣ мондани Президент ҳамчун сарвари давлат ва гузоштани роҳбарии ҳокимияти иҷроия ба души Сарвазир;

 в) гузаштан ба Парлумони якпалатагӣ бо таъмини намояндагии ҳамаи шаҳру ноҳияҳо (90 вакил + 60 вакил аз руйхати аҳзоб, ҷамъ 150 вакил);

 г) ҳизби ғолиб номзадии Сарвазирро ба Президент барои пешниҳод ба Парлумон муаррифӣ мекунад. Дар сурати аксарияти овозҳоро нагирифтани ягон ҳизб, эътилофи аҳзоби парлумонӣ номзад ба мақоми Сарвазирро ба Президент муаррифӣ мекунад. Сарвазири интихобшуда аъзои ҳукуматро барои таъйид ба Парлумон пешниҳод менамояд;

 д) интихобӣ будани раисони вилоят, шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳо;

 е) интихобӣ будани судяҳои ҳама зинаҳои судӣ;

 ж) интихоби раиси КМИР дар ҷаласаи Парламенти ҶТ бо пешниҳоди ҳизбҳои сиёсӣ.

II. Ҳадаф ва принсипҳои асосӣ

 Таъмини воқеии:

 а) мардумсолорӣ ва баробарии ҳама дар назди қонун ва суд;

 б) адолати иҷтимоӣ;

 в) фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва хидматрасонии босифату баробари давлатии иҷтимоӣ барои аҳолии Тоҷикистон;

 г) амали ҳокимияти давлатӣ дар асоси тақсими салоҳиятҳо байни ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ;

 д) фазои рушди соҳибкории хурду миёна ва муҳити солими сармоягузорӣ;

 е) рушди ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ, озодии виҷдон, сухан, фаъолият, мусофират ва ВАО;

 ж) шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳисоботдиҳанда будани ҳама зинаҳои он дар назди ҷомеа;

 з) тамомияти арзии кишвар.

III. Барномаи амалӣ

 а) соҳаи иқтисод, иҷтимоиёт ва маънавиёт

 – таъмини сиёсати солими кадрӣ, муборизаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ бар зидди фасод (коррупсия), маҳалгароӣ ва хешу таборчигӣ дар идораи давлатӣ;

 – таъмини сиёсати рушди истеҳсолот, хусусан саноат, аз нав дида баромадани низоми андозбандӣ, боҷситонӣ ва гумрук ба хотири таъмин ва рушди шароити соҳибкорӣ ва истеҳсолот;

 – аз нав дида баромадани сиёсати давлатии муҳоҷират ва таъмини сифатии он, бо таъмини авлавияти истеҳсолот ва эҷоди ҷойҳои корӣ бо маоши сазовор дар дохили кишвар;

 – ба вуҷуд овардани фазои мусоиди сармоягузории хориҷӣ, ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ барои роҳандозии истеҳсолоти саноатӣ;

 – таъмини пурраи аҳолии Тоҷикистон бо барқ;

 – таъмини ҳадди ақали музди меҳнати баробар бо мизони сабади истеъмолӣ;

 – таъмини хидматрасонии ройгон ва босифати тиббӣ ба аҳолӣ, ҷорӣ намудани кумакҳои тиббии имтиёзнок барои нафақахӯрон, маъюбон ва қишрҳои осебпазири аҳолӣ;

 – таъмини назорати истифодаи грантҳо, кумакҳои башардустона, кредитҳо ва дигар қарзҳо;

 – таъмини босифати рушди маориф ва бепул кардани низоми таҳсилоти ҳамагонӣ;

 – бартарият додан ба самтҳои улуми дақиқ, таҷрибӣ ва технологӣ (на камтар 65%) дар низоми маориф;

 – ворид намудани хидмати алтернативӣ дар артиш ва тадриҷан гузаштан ба артиши касбӣ;

 – қотеъона даст кашидан аз пулакӣ кардани роҳҳо бе таъмини роҳҳои алтернативӣ;

 б) соҳаи кишоварзӣ

 – таъмини одилонаи ислоҳоти замин ва танзими ҳуқуқии заминдорӣ, хусусан дар муносибатҳои қарзӣ ва замонати бонкӣ, бо додани бартарият барои рушди соҳаи агросаноатӣ;

 – ислоҳоти воқеии аграрӣ, хусусан дар соҳаҳои истифодаи замин, мелиоратсия, хоҷагии об, бо мақсади баргардонидани замин ва воситаҳои асосии кишоварзӣ ба деҳқонон ва соҳибкорон дар ин соҳа;

 – таъмини имтиёзҳои мақсаднок ба кормандони соҳаи кишоварзӣ дар асоси озмун барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, аз ҷумла озод кардани соҳа аз андозбандӣ;

 в) соҳаи сиёсӣ, муносибатҳои давлат ва дин:

 – эълони афви умум барои маҳбусони сиёсӣ ва афроде, ки барои андеша, ақида ва мавқеи сиёсӣ ё динӣ ҳабс шудаанд;

 – аз нав дида баромадани қонунгузорие, ки боиси маҳдуд шудани озодиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва маънавии шаҳрвандон гаштаанд;

 – таъмини ҳуқуқи озодона муттаҳид шудан ва ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла динӣ;

 – таъмини воқеии принсипи ҷудоӣ байни ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои динӣ.

 г) соҳаи сиёсати хориҷӣ

 – муайян ва мушаххас намудани бартариятҳои манофеъи миллӣ ва принсипҳои сиёсати хориҷии ҶТ бо давлатҳои дуру наздик, созмонҳои байналмилалии байнидавлатӣ ва ғайридавлатӣ;

 – бознигарии муносибатҳо бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба хотири беҳтар кардани равобити дутарафа ва бисёртарафа, расидан ба низоми бидуни раводид (виза) бо ин кишварҳо, дастёбӣ ба тиҷорат ва ҳамкориҳои имтиёзнок байни Тоҷикистон ва ҳама кишварҳои минтақа;

 – аз нав дида баромадан ва такмили қонунгузории ҶТ дар соҳаи сиёсати хориҷӣ.

IV. Муқаррароти ниҳоӣ

 а) Ин Консепсия барои як давраи 4 — солаи гузариш аз низоми авторитарӣ ба низоми воқеан демократӣ пешбинӣ шудааст, ки номзад уҳдадор мешавад, дар сурати интихоб шуданаш ба мансаби Президенти ҶТ, онро амалӣ намояд;

 б) агарчи Сарқонуни кишвар муҳлати президентиро 7 сол муайян кардааст, вале номзад ба президентӣ аз ИНИТ уҳдадор мешавад, ки барномаи давраи гузаришро дар муддати то чор сол анҷом дода, шароитро барои баргузории интихоботҳои озоду шаффофи парламентӣ ва президентӣ омода месозад;

 в) Дар сурати Президент интихоб шудани номзади ИНИТ, номбурда ҳаққи пешбарӣ намудани номзадиашро ба мақоми президентӣ дар давраи навбатии пас аз чорсолаи гузариш, надорад;

 г) Дар давраи гузариш Ҳукумат бояд аз ҳисоби мутахассисони соҳаҳо ташкил шавад, ки авлавият ба ҷавонон дода мешавад. Ҳиссаи бонувон дар ҳукумати оянда на камтар аз чоряки аъзои он бошад. Инчунин, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар умум на бештар аз 40 дарсади аъзои ҳукуматро ташкил намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.