Раиси Хатлон: 53 масҷид дар Ховалинг хеле зиёд аст

Зимни қабули шахсии аҳолии ноҳияи Ховалинг рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал изҳор намуд, ки 53 масҷид барои 48 ҳазор нафар аҳолӣ дар ноҳияи мазкур хеле зиёд аст. «Масҷид Хонаи Худо, на маҳфили тарғиби афкори аҳзоби муайяни сиёсист, ки аксаран дар мо чунин аст ва ин ҷо инсон бо орзуву умеди ниҳонӣ […]

Турко Дикаев


Зимни қабули шахсии аҳолии ноҳияи Ховалинг рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал изҳор намуд, ки 53 масҷид барои 48 ҳазор нафар аҳолӣ дар ноҳияи мазкур хеле зиёд аст.

«Масҷид Хонаи Худо, на маҳфили тарғиби афкори аҳзоби муайяни сиёсист, ки аксаран дар мо чунин аст ва ин ҷо инсон бо орзуву умеди ниҳонӣ дар дилаш меояд», – идома дод раиси вилоят ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус ҷиҳати санҷиши мутобиқати иншооти динии ноҳия ба қонунгузории кишвар супоришҳои мушаххас дод.

Ба андешаи Гайбулло Афзал, тибқи қонун 1 масҷид барои 10 ҳазор нафар аҳолӣ пешбинӣ шудааст, вале дар ноҳияи Ховалинг барои 1 масҷид ҳатто 1 ҳазор нафар аҳолӣ ҳам рост намеояд. Раиси вилоят назорат аз болои қонун дар бораи танзими расму оин дар ноҳияи мазкурро низ зери шубҳа гузошт.

«Риояи қонун аз ҷониби аҳолии ноҳияи Ховалинг хушнуд мекунад, зеро тайи 7 моҳи соли ҷорӣ ҳангоми баргузории ҳудуди 350 тӯй ва дигар расму оин ҳамагӣ 1 қонуншиканӣ дар ин самт ба қайд гирифта шудааст, вале ман бар ин назарам, ки ин ҷо ҳам назорат аз болои қонун суст аст», – иброз дошт ӯ.

Дар фарҷом Ғайбулло Афзал ба масъулини шуъбаи умури дин, кормандони ҷамоатҳо супориш дод, ки бо тамоми масъулият ба иҷрои қонунҳо назорат баранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.