БОР: Дар ОМ даромад ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон пасттарин аст


Дар минтақаи Осиёи Марказӣ даромади пасттарин ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Дар гузориши Бонки осиёгии рушд (БОР) оид ба ислоҳоти фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки имконоти маҳдуди таъминот бо кор ба он оварда расонидааст, ки 40%-и аҳолии коршоям бахри дарёфти кори муносиб қаламрави кишварро тарк мекунанд ва рушди иқтисод асосан аз ҳисоби интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ ба даст оварда мешавад.

Таъкид мегардад, ки сатҳи пасти ҷараёни сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар (20% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2012) рушди минбаъдаи иқтисод ва фароҳам сохтани ҷойҳои нави кориро маҳдуд мекунад. Ҳатто ин ҳаҷм ҳам аслан аз ҷониби ҳукумат ва шарикон оид ба рушд маблағгузорӣ шуда, саҳми сармоягузорони хусусӣ ҳамагӣ 4% нисбат ба ММД арзёбӣ мешавад.

Коршиносони БОР бар ин назаранд, ки бо назардошти маҳдудиятҳои молии ҳукумат, баҳри рушди ояндаи иқтисоди кишвар сармоягузориҳои бахши хусусӣ бояд саҳми назаррас дошта бошанд.

«Чун дигар кишварҳои Осиё, ки ба интиқоли маблағҳои пулӣ вобастагии зиёд доранд, Тоҷикистон низ тавасссути афзоиши ҳиссаи ин воситаҳо ва сармоягузории он ба иқтисод ва бидуни истифодаи он ба истеъмол метавонад фоида ба даст орад», – машварат медиҳанд коршиносони бонк.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли 2012 ММД-и Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ 872,3 доллари ИМА-ро ташкил дод, ки миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нишондиҳандаи пасттарин аст. Соли 2012 ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар Қазоқистон – 12006,6, Туркманистон – 6510,6, Ӯзбекистон – 1717 ва Қирғизистон – 1160 доллари ИМА-ро ташкил додааст.

spot_imgspot_img

Популярное