БОР: Дар ОМ даромад ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон пасттарин аст

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ даромади пасттарин ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар гузориши Бонки осиёгии рушд (БОР) оид ба ислоҳоти фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки имконоти маҳдуди таъминот бо кор ба он оварда расонидааст, ки 40%-и аҳолии коршоям бахри дарёфти кори муносиб қаламрави кишварро тарк мекунанд ва рушди иқтисод асосан […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар минтақаи Осиёи Марказӣ даромади пасттарин ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Дар гузориши Бонки осиёгии рушд (БОР) оид ба ислоҳоти фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки имконоти маҳдуди таъминот бо кор ба он оварда расонидааст, ки 40%-и аҳолии коршоям бахри дарёфти кори муносиб қаламрави кишварро тарк мекунанд ва рушди иқтисод асосан аз ҳисоби интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ ба даст оварда мешавад.

Таъкид мегардад, ки сатҳи пасти ҷараёни сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар (20% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2012) рушди минбаъдаи иқтисод ва фароҳам сохтани ҷойҳои нави кориро маҳдуд мекунад. Ҳатто ин ҳаҷм ҳам аслан аз ҷониби ҳукумат ва шарикон оид ба рушд маблағгузорӣ шуда, саҳми сармоягузорони хусусӣ ҳамагӣ 4% нисбат ба ММД арзёбӣ мешавад.

Коршиносони БОР бар ин назаранд, ки бо назардошти маҳдудиятҳои молии ҳукумат, баҳри рушди ояндаи иқтисоди кишвар сармоягузориҳои бахши хусусӣ бояд саҳми назаррас дошта бошанд.

«Чун дигар кишварҳои Осиё, ки ба интиқоли маблағҳои пулӣ вобастагии зиёд доранд, Тоҷикистон низ тавасссути афзоиши ҳиссаи ин воситаҳо ва сармоягузории он ба иқтисод ва бидуни истифодаи он ба истеъмол метавонад фоида ба даст орад», – машварат медиҳанд коршиносони бонк.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли 2012 ММД-и Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ 872,3 доллари ИМА-ро ташкил дод, ки миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нишондиҳандаи пасттарин аст. Соли 2012 ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар Қазоқистон – 12006,6, Туркманистон – 6510,6, Ӯзбекистон – 1717 ва Қирғизистон – 1160 доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.