Роҳҳои нигоҳдории рушди иқтисод дар ОМ-ро дар Алмаато баррасӣ мекунанд


Дар шаҳри Алмаато бо сарпарастии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором таҳти унвони «Сиёсати макроиқтисодӣ барои рушди устувор ва боэътимод дар Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ» (рӯзҳои 27-28-уми август) як вохӯрӣ ҷараён дорад.

Иштирокчиёни вохӯрӣ зикр намуданд, ки сарфи назар аз буҳрон дар Аврупо ва ноустувории нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, кишварҳои минтақаи Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ тавассути ба роҳ мондани истеҳсолот ва бозорҳои гуногун метавонанд ба ин душвориҳо тоб оварда, рушди иқтисодро нигоҳ доранд.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, дар ҷаласаи дурӯзаи Алмаато вазирони молия, роҳбарони бонкҳои марказӣ ва дигар шахсони воломақоми расмӣ аз Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок менамоянд.

«Стратегияи ба таъмини рушди ҳамаҷониба ва таъсиси ҷойҳои корӣ нигаронидашуда дар ба итмом расонидани марҳилаи гузариш ва роҳандозии тағйирот ба кишварҳои Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ кӯмак мекунанд», – изҳор дошт намояндаи Комиссияи зикршудаи СММ Янул Ҳасан зимни ифтитоҳи ҷаласа.

Ӯ зикр кард, ки барои дубора барқарор намудани суръати баланди рушди иқтисод, ки дар минтақаи ғанӣ аз захираҳо то буҳрон ба мушоҳида мерасиданд, таъҷилан роҳандозии иқтисоди гуногуншакл ва тавсеъаи робитаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ бо бозорҳои дар ҳоли рушди босуръат қарордоштаи Осиёи боқимонда хеле муҳим аст.

«Миёни зарурати нигоҳдории рушди босуръати иқтисод ва таъмини ҷомеаи иҷтимоиву барробарҳуқуқи дорои шуғли баланд мебояд тавозунро дарёфт намуд», – таъкид кардааст номбурда.

Бино ба маълумоти Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, феълан дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳудуди 14% захираҳои нафати минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором, ҳамчунин 11% захираҳои газ ва 7% захираҳои ангишт мавҷуданд. Туркманистон чорумин кишвари дорои захираҳои газ дар ҷаҳон аст. Барои содироти барқ, бахусус аз манотиқи кӯҳистони Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба кишварҳои ҳамсоя имконоти зиёд мавҷуданд.

spot_imgspot_img

Популярное