Шабакаҳои радиову телевизиони тоҷик акнун бо қабули онлайн низ дастрасанд

Шабакаҳои радиову телевизиони тоҷик акнун дар шакли қабули онлайн дар сомонаи GLWIZ низ дастрасанд. GLWIZ таъминкунандаи бузургтарини байнулмилалии WebTV дар ҷаҳон буда, дар ИМА сабтином шудааст. Он дастрасӣ ба барномаҳо бо забони форсӣ (тоҷикӣ)-и шабакаҳои телевизион ва радиои ИМА, Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Арманистон барои даҳҳо миллион тамошобинон дар саросари ҷаҳонро таъмин мекунад. Муовини […]

ASIA-Plus


Шабакаҳои радиову телевизиони тоҷик акнун дар шакли қабули онлайн дар сомонаи GLWIZ низ дастрасанд.

GLWIZ таъминкунандаи бузургтарини байнулмилалии WebTV дар ҷаҳон буда, дар ИМА сабтином шудааст. Он дастрасӣ ба барномаҳо бо забони форсӣ (тоҷикӣ)-и шабакаҳои телевизион ва радиои ИМА, Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Арманистон барои даҳҳо миллион тамошобинон дар саросари ҷаҳонро таъмин мекунад.

Муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ Саидалӣ Сиддиқов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки шбакаҳои телевизиони тоҷикро бо суроғаи

http://www/glwiz.com  в раздел AKATAA.TV

. метавон тамошо кард.

Дар торнамои ширкати GLWIZ аз тамошо ва шунавидани барномаҳои Шабакаи аввали Тоҷикистон, ТВ «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», Радиои Тоҷикистон, шабакаҳои радиои «Садои Душанбе», «Овози тоҷик» ва «Фарҳанг» метавон баҳра бурд.

«Солҳои ахир шумори шахсоне, ки маълумотро тавассути Интернет ба даст оварданианд, меафзояд. Дар ин робита Кумита ба тавсеъаи қабули барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизиону радио тариқи қабули онлайн оғоз намуд», – иброз дошт Саидалӣ Сиддиқов ва илова намуд, ки то ҳанӯз пахши шабакаҳои телевизиону радиои тоҷик тавассути Интернетро чанде аз сомонаҳои маҳаллӣ ба роҳ монда буданд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми қабули онлайн тамошобин дар як вақт метавонад дар бораи барнома, муаллифони он, мавзӯи барномаҳои оянда ва дигар мавод дар ин мавзӯъ тавассути Интернет маълумоти иловагӣ дархост намуда, шарҳи худро гузорад ва аз бойгонии барномаҳо низ истифода кунад.

Қобили зикр аст, ки GLWIZ бо ширкатҳои дар ҷаҳон маъруфи телевизиону радио, аз қабили Euronews, BBC, VOA («Голос Америки»), PMC ва ғайра низ ҳамкорӣ дорад.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.