Дар интихобот коммунистон бо аҳзоби дигар эътилоф намекунанд

Нимаи аввали моҳи сентябр Анҷумани Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) доир гардида, дар он номзади ин ҳизб дар интихоботи президенти кишвар эълон мешавад. Раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон дар манотиқи ҷумҳурӣ ҷараёни интихоби вакилони анҷуман идома дошта, коммунистони вилоятҳои Суғду Хатлон вакилони худро интихоб намудаанд ва […]

Аваз Юлдошев


Нимаи аввали моҳи сентябр Анҷумани Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) доир гардида, дар он номзади ин ҳизб дар интихоботи президенти кишвар эълон мешавад.

Раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон дар манотиқи ҷумҳурӣ ҷараёни интихоби вакилони анҷуман идома дошта, коммунистони вилоятҳои Суғду Хатлон вакилони худро интихоб намудаанд ва акнун рӯйхати вакилон аз ВМКБ ва навоҳии тобеи марказро интизоранд.

Дар идома ӯ таъкид дошт, ки дар интихоботи президентӣ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо аҳзоби сиёсии дигар ба эътилоф ворид намешавад. «Ҳизб ҳамчунин номзади ягона аз дигар ҳизбҳои сиёсӣ ба мансаби президентиро низ дастгирӣ карданӣ нест», – иброз дошт Шабдолов.

Ба гуфтаи раиси ҲКТ, дар робита ба ғояҳои усулии барномаи ҲКТ чунин тасмим рӯйи кор омадааст.

«Тибқи андешаҳои идеологӣ коммунистон ба ҳеҷ гунае на бо ҲНИТ, на бо сотсиал-демократҳо ва на бо дигар аҳзоби сиёсӣ дар эътилоф буда наметавонанд. Мо ҳатто бо ҳизби ҳокими ҲХДТ ҳамроҳ номзади ягона пешбарӣ карда наметавонем, зеро хусусигардонии иншооти давлатиро эътироф намекунем, ҲХДТ бошад, чунин сиёсатро дастгирӣ мекунад», – афзуд Шодӣ Шабдолов.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.