Хатлон: Ҳавасмандсозии омӯзгорони ҷавон бо ҷудо кардани қитъаи замин

Хатмкардагони факултаҳои омӯзгории макотиби олӣ дар вилояти Хатлон ба ишғоли ҷойҳои кории худ дар муассисаҳои таълимии минтақа шитоб надоранд. Мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ҷиҳати ҳаллу фасли масъала тавассути ҷудо кардани қитъаҳои замин ба омӯзгорони ҷавон барои сохтмони манзил кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Масалан, тайи солҳои ахир 2 ҳазору 740 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 961 омӯзгори […]

Сайраҳмон Назриев


Хатмкардагони факултаҳои омӯзгории макотиби олӣ дар вилояти Хатлон ба ишғоли ҷойҳои кории худ дар муассисаҳои таълимии минтақа шитоб надоранд.

Мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ҷиҳати ҳаллу фасли масъала тавассути ҷудо кардани қитъаҳои замин ба омӯзгорони ҷавон барои сохтмони манзил кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Масалан, тайи солҳои ахир 2 ҳазору 740 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 961 омӯзгори ҷавон соҳиби қитъаи замин гардиданд. Ғайр аз ин, ба 124 нафар омӯзгорони ҷавон қарзи имтиёзнок ҷудо шуда, ба 30 омӯзгор барои хоҷагии ёрирасон қитъаи замин ҷудо гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, ҳукуматдорон ҳамчунин мушкилоти норасоии муассисаҳои томактабӣ дар минтақаро ҳал карданианд. Ҳамин тариқ, дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ 5 муассисаи томактабӣ дар вилояти Хатлон ба истифода дода шуд. Иншооти нав барои 700 нафар кӯдакон пешбинӣ шудаанд. Яке аз кӯдакистонҳо барои 300 нафар дар ноҳияи Бохтар аз ҳисоби маблағи соҳибкорӣ маҳаллӣ бунёд гардид.

Айни замон дар вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 109 кӯдакистон ва 350 маркази рушди кӯдакон фаъолият дошта, фарогири беш аз 20 ҳазор нафар кӯдакон мебошанд. Минбаъд низ сохтмони муассисаҳои томактабии ҳам давлативу ҳам хусусӣ идома меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.