Маҷлиси навбатии ҳукумат таҳти раёсати сарвари давлат

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маҷлис бо маъқул донистани лоиҳаи чанд қонун ба як зумра қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо пешниҳод карда шуд, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд. […]

ASIA-Plus


Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маҷлис бо маъқул донистани лоиҳаи чанд қонун ба як зумра қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо пешниҳод карда шуд, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи роҳҳои мошингард ва фаъолияти роҳдорӣ”, “Дар бораи нақлиёт”, “Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ” ва ба кодексҳои андозу гумрук пешниҳод карда шуд.

Нақшаи генералии шаҳри Конибодоми вилояти Суғд тасдиқ карда шуд.

Дар охири маҷлис ба масъулин доир ба омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ ва захираи кофии озуқаворӣ ва маводи сухт барои мавсими сардӣ, омодасозии шабакаҳои нақлиётӣ, барқӣ, гармидиҳӣ ва дигар бахшҳои хизматрасонии коммуналӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба омодагӣ ба истиқболи сазовори солгарди навбатии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи арзишҳои давлатдории миллӣ, дастовардҳои солҳои истиқлолият ва тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносии мардум, хусусан ҷавонону наврасон, дода шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба омодагӣ ба оғози соли нави хониш ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани Рӯзи Дониш зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки оғози соли нави хониш дар тамоми мактабҳо ва муассисаҳои дигари таълимӣ бояд ба таври идона ва тантанавӣ бо шукӯҳи хоса ба роҳ монда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.