Қоидаҳо барои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ сангинтар мешаванд

Дар Тоҷикистон барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ қоидаҳои нав ва меъёрҳои байнулмилалӣ дар авиатсия қабул хоҳанд шуд, ки мутобиқи он, назорат ва танзими фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ сангинтар карда мешаванд. Сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Алишер Рустамов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар доираи ташрифи ҳайати аудиторони Civil Aviation Organization – Созмони […]

Заррина Эргашева


Дар Тоҷикистон барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ қоидаҳои нав ва меъёрҳои байнулмилалӣ дар авиатсия қабул хоҳанд шуд, ки мутобиқи он, назорат ва танзими фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ сангинтар карда мешаванд.

Сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Алишер Рустамов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар доираи ташрифи ҳайати аудиторони Civil Aviation Organization – Созмони байнулмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) ба қонунгузории авиатсионӣ тағйирот ворид карда мешавад.

Маҳз ҳамин сафар, ки баъди 5 соли санҷиши охирин сурат мегирад, барои Тоҷикистон ҳалкунанда хоҳад буд, зеро дар сурати арзёбии ғайриқанотабахши ICAO, Тоҷикистон метавонад ба «рӯйхати сиёҳ»-и кишварҳое шомил гардад, ки авиатсияашон барои мусофирон бехатар нест. Ин санҷиши нақшавӣ буда, ҳар панҷ сол дар кишварҳои узви созмони мазкур гузаронида мешавад.

Ба гуфтаи Рустамов, аудиторон бевосита на ба фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ, балки ба вазъи роҳандозии корҳо дар соҳаи назорат ва танзими авиатсия аз ҷониби ҳукумат бештар таваҷҷуҳ зоҳир месозанд, зеро маҳз назорати хушсифат ва танзим фаъолияти пурсамари ширкатҳои ҳавопаймоиро таъмин карда метавонад.

Рӯзи 23-юми август семинар-машварати мақомоти авиатсионии Тоҷикистон бо намояндагони Агентии аврупоии амнияти авиатсионӣ (EASA) ба итмом расид, ки дар бахши ба мутобиқат овардани қоидаҳои авиатсионӣ ба меъёрҳои ICAO ва ҷорисозии қоидаҳои нав ба Тоҷикистон машварат медиҳанд.

«Муддати каме бештар аз 1 моҳ мо санади қоидаҳои ягонаи авиатсиониро таҳия намудем, ки дар он қоидаҳои байнулмилалии ҳамлу нақли мусофирон ва бору коло ва қоидаҳои бехатарии мусофирон ба инобат гирифта шудаанд. Ин санад ба тамоми ширкатҳои ҳавопаймоиву фурудгоҳҳо фиристода шуд, то ки бо он бахубӣ шинос гардида, пешниҳодоти худро ироа намоянд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли Рустамов, намояндагони EASA кори ҳукумати авиатсионии кишвар ва асноди таҳияшударо мусбат арзёбӣ намуда, бо аудити ICAO набояд мушкилоте рӯйи кор ояд, вале ҳамеша як ташвише боқӣ мемонад ва дар бахши авиатсияи Тоҷикистон мушкилоти зиёде мавҷуданд, ки онро тавассути таҳия, қабул ва амалисозии Барномаи давлатӣ оид ба таъмини бехатарии парвозҳо мебояд ҳал намуд.

«Ивази тамоми маъмурияти давлатии авиатсионӣ, муттаҳид кардани ҳамаи хадамоти марбут ба авиатсия зарур аст. Ба назорат аз болои фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ки ба риояи тамоми меъёрҳои аз ҷониби давлат қабулшудаи бехатарии парвоз, ҳамлу нақли мусофирон ва молу коло, ҳолати техникии ҳавопаймоҳо ва ғайра уҳдадоранд, тақвият мебояд бахшид ва танҳо дар ин ҳолат ин соҳа рушд меёбад», – мутмаин аст Рустамов.

Талаботи асосии ICAO –риояи меъёрҳои байнулмилалӣ аст. Талабот аз ҳуҷҷатгузорӣ сар карда, омодагии мутахассисон ва коршоямии техникаро дар бар мегирад. Айни ҳол дар рӯйхати сиёҳ ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Молдова ва дигар давлатҳо қарор доранд. Қазоқистон солҳои тӯлонист, ки талоши аз рӯйхати сиёҳ баровардани ширкатҳои кишварашро дорад, аммо он бенатиҷа анҷом мепазирад.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон се ширкати ҳавопаймоии боркаш – «Хатлон Эйр», «Азия Эйрвэйс» ва «Пар Эйр» ва чор ширкати ҳавопаймоии мусофирбар – «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр», «Ист Эйр» ва «Айшн экспресс эйрлайнс» ба қайд гирифта шудаанд. Ширкати ахирӣ то ҳол барои амалисозии парвозҳо иҷозатномаи ҳукумати авиатсиониро дастрас накардааст.    

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.