Кодекси экологии Тоҷикистон соли оянда ба парлумон пешниҳод мешавад

Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон марҳилаи охирини музокироти ҷамъиятӣ оид ба қабули варианти ниҳоии лоиҳаи Кодекси экологии Тоҷикистонро баргузор намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар ҶТ хабар доданд, варианти ниҳоии лоиҳа аз ҷониби гурӯҳи кории иборат аз коршиносони тоҷик ва байнулмилалӣ оид ба таҳияи Кодекси миллии экологӣ омода ва баррасии […]

ASIA-Plus


Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон марҳилаи охирини музокироти ҷамъиятӣ оид ба қабули варианти ниҳоии лоиҳаи Кодекси экологии Тоҷикистонро баргузор намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар ҶТ хабар доданд, варианти ниҳоии лоиҳа аз ҷониби гурӯҳи кории иборат аз коршиносони тоҷик ва байнулмилалӣ оид ба таҳияи Кодекси миллии экологӣ омода ва баррасии ҳукумату ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод гардид.

Ба иттилои манбаъ, ҳуҷчат аз шарҳу тавзеҳоти қаблан бадастомада зимни дигар ҷаласаҳои музкоироти ҷамъиятӣ дар тамоми манотиқи Тоҷикистон моҳи июни соли 2013 иборат буд.

«Ҳадаф аз музокироти ҷамъиятӣ баррасии лоиҳаи Кодекс ва фароҳам овардани имконот ба субъектҳои дахлдор ҷиҳати саҳм гирифтан дар таҳияи варианти ниҳоии лоиҳаи имрӯз пешниҳодшуда мебошад», – гуфт роҳбари Дафтари САҲА дар ҶТ Маркус Мюллер.

Лоиҳа ба такмили қонунгузории экологӣ ва таъмини мутобиқати он ба меъёрҳои байнулмилалӣ нигаронида шуда, бо дархости ҳукумат ва парлумони ҶТ таҳия гардид.

Мудири шуъбаи вазъи фавқулода ва экологияи Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Хайрулло Ибодзода дар ин робита зикр кард, ки дар бахши экология Кодекси экологӣ бояд санади калидии қонунгузорӣ гардад. «Дастгирии САҲА дар таҳияи ин санад нақши ҳалкунанда дорад», – гуфт номбурда.

Дар Дафтари САҲА илова намуданд, ки соли 2014 Кодекси экологӣ барои тасдиқ ба парлумони Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.