Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) шаш номзад барои пешбарӣ ба мансаби президенти кишварро мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲИИТ, доктори улуми иқтисодӣ, роҳбари Пажуҳишгоҳи иқтисоди Академияи улуми Тоҷикистон Олимҷон Бобоев хабар дод.
«Номзади ягона аз шумори шаш нафар фаъолони зикршудаи ҲИИТ дар анҷумани ҳизб, ки санаи 20-уми сентябр дар Душанбе доир мегардад, эълон хоҳад шуд», – гуфт Бобоев.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар маъракаи интихоботи президентӣ Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо дигар аҳзоби сиёсӣ ба эътилоф ворид шуданӣ нест. «Айни замон дар сафҳои ҳизби мо ҳудуди 20 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муттаҳид шудаанд», – афзуд раиси ҳизб.
Ёдрас мекунем, ки Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон соли 1995 таъсис ёфта, айни замон ду нафар аъзои он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ мебошанд.



