ҲИИТ шаш номзад ба мансаби президентиро баррасӣ дорад

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) шаш номзад барои пешбарӣ ба мансаби президенти кишварро мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲИИТ, доктори улуми иқтисодӣ, роҳбари Пажуҳишгоҳи иқтисоди Академияи улуми Тоҷикистон Олимҷон Бобоев хабар дод. «Номзади ягона аз шумори шаш нафар фаъолони зикршудаи ҲИИТ дар анҷумани ҳизб, ки санаи 20-уми сентябр дар […]

Аваз Юлдошев


Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) шаш номзад барои пешбарӣ ба мансаби президенти кишварро мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲИИТ, доктори улуми иқтисодӣ, роҳбари Пажуҳишгоҳи иқтисоди Академияи улуми Тоҷикистон Олимҷон Бобоев хабар дод.

«Номзади ягона аз шумори шаш нафар фаъолони зикршудаи ҲИИТ дар анҷумани ҳизб, ки санаи 20-уми сентябр дар Душанбе доир мегардад, эълон хоҳад шуд», – гуфт Бобоев.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар маъракаи интихоботи президентӣ Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо дигар аҳзоби сиёсӣ ба эътилоф ворид шуданӣ нест. «Айни замон дар сафҳои ҳизби мо ҳудуди 20 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муттаҳид шудаанд», – афзуд раиси ҳизб.

Ёдрас мекунем, ки Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон соли 1995 таъсис ёфта, айни замон ду нафар аъзои он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ мебошанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.