Номзад ба мансаби президент бояд 210 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кунад

spot_imgspot_img

Дата:

- Advertisement -


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон намуд, ки номзадҳо ба мансаби президентӣ бояд 210 ҳазор имзои интихобкунандагонро ҷамъоварӣ намоянд, ки 5% аз шумори умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад.

Раиси КМИР Шермуҳаммади Шоҳиён рӯзи шанбе зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки ҷамъоварии имазои интихобкунандагон ба ҷонибдории номзадҳо ба мансабаи президентӣ аз санаи пешбарии номзад то 7-уми октябр идома меёбад.

- Advertisement -

Ғайр аз ин, Шоҳиён иттилоъ дод, ки дар ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи президенти Тоҷикистон ташкил карда шуда, макони ҷойгиршавӣ, сарҳад ва шумораи интихобкунандагони ҳар як ҳавза муайян карда шудааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи интихоботи президенти Тоҷикистон 6-уми ноябр таъин шуд. То имрӯз танҳо раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров номзадии худро ба мансаби президенти кишвар пешбарӣ кард.

Ҳарчанд коршиносон дар пирӯзии президенти амалкунанда ҳеҷ шубҳае надошта бошанд ҳам, аммо худи прездент борҳо изҳор кард, ки то ҳанӯз сари иштирок дар ин маърака ба хулосаи мушаххасе нарасидааст.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиал-демократӣ Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ таъсис дода, номзади ягонаро пешбарӣ карданианд. Ному насаби номзад пас аз 17-уми сентябр эълон мегардад.

- Advertisement -

Ҳизбҳои коммунист, аграрӣ, сотсиалистӣ, демократ ва ислоҳоти иқтисодӣ изҳор намуданд, км номзадҳои худро ба мансаби президентӣ пешбарӣ хоҳанд кард.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷамъоварии миқдори 5%-и имзоҳо аз шумори умумии интихобкунандагон барои аксари номзадҳо хеле мушкил хоҳад буд. Ба андешаи аксари сиёсатмадорон, механизми мавҷудаи ҷамъоварии имзоҳо гӯё махсусан чунин роҳандозӣ шудааст, ки тартиботи бақайдгирии номзадҳо мушкил гардад ва дар маъракаи интихоботи гузашта маҳз ҳамин омил садди роҳи бисёр номзадҳо шуда буд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ин душвориро ба осонӣ паси сар мекунад. Дар маъракаҳои интихоботи гузашта дар ҷамъоварии имзоҳо ҲХДТ ҳатто ба кӯмак расонидан ба рақибон омода буд.

- Advertisement -

«ҲХДТ то андозае ба ҳусни таваҷҷуҳи аксари аҳолӣ нисбаташ мутмаин аст, ки барои мо зарурати монеъае эҷод сохтан ба номзадҳои аҳзоби дигар зарурате вуҷуд надорад. Баръакс, фикр мекунам, ки аъзои ҳизби мо ҳатто ба кӯмак омодаанд», – гуфта буд он замон муовини раиси ҲХДТ Давлаталӣ Давлатов.

- Advertisement -

Популярное

Похожие материалы