ҲСДТ то анҷумани худ номзади ягона аз мухолифонро муайян карданист

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) то анҷумани пешазинтихоботии худ номзади ягона ба мансаби президентӣ аз мухолифонро муайян карданист. Ин нуктаро дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров иброз намуд. «Лекин тасмими худ оид ба пешбарии номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон ва ному насаби ӯро мо дар анҷумани рӯзи 17-уми сентябри ҳизб эълон мекунем», […]

Аваз Юлдошев


Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) то анҷумани пешазинтихоботии худ номзади ягона ба мансаби президентӣ аз мухолифонро муайян карданист. Ин нуктаро дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров иброз намуд.

«Лекин тасмими худ оид ба пешбарии номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон ва ному насаби ӯро мо дар анҷумани рӯзи 17-уми сентябри ҳизб эълон мекунем», – изҳор кард Зойиров.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ҲСДТ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) изҳор намуда буданд, ки номзади ягона ба мансаби президентӣ аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистонро пешбарӣ карда метавонанд. Анҷумани пешазинтихоботии ҲНИТ низ ба санаи 17-уми сентябр таъин шудааст.

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон 18-уми марти соли 1998 дар Вазорати адлия сабти ном шуда, дар сафҳои худ беш аз 8 ҳазор нафар шаҳрвандони кишврро муттаҳид месозад. ҲСДТ-ро ҳизби мухолиф ба ҳукумати кунунии ҷумҳурӣ мешуморанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.