Баррасии лоиҳаи буҷети соли оянда бо ҳайати ХБА дар Вазорати молия

Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов рӯзи 6-уми сентябр бо ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор таҳти роҳбарии Ҷонатан Данн мулоқот кард. Бино ба иттилои Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот ҷараёни иҷрои буҷети соли 2013 ва ҳамчунин маблғҳои хароҷоти буҷет ва эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, тадбирҳо бобати афзудани даромад ва дигар масоили сиёсати умумӣ баррасӣ шуданд. Роҳбари ҳайати ХБА роҷеъ […]

ASIA-Plus


Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов рӯзи 6-уми сентябр бо ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор таҳти роҳбарии Ҷонатан Данн мулоқот кард.

Бино ба иттилои Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот ҷараёни иҷрои буҷети соли 2013 ва ҳамчунин маблғҳои хароҷоти буҷет ва эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, тадбирҳо бобати афзудани даромад ва дигар масоили сиёсати умумӣ баррасӣ шуданд.

Роҳбари ҳайати ХБА роҷеъ ба нишондиҳандиҳандаҳои назоратии пешгӯишавандаи сиёсати макроиқтисодӣ ва пешниҳодоту тавсияҳои худ дар ин хусус ибрози андеша намуд. Ҳамзамон ҳайати ХБА ният дорад, ки оид ба самтҳои асосии сиёсати иқтисодии кишвар бо раёсатҳои дахлдори Вазорати молия табодули назар намояд.

Ҷонибҳо ба масоили сиёсати молияву андоз ва муносибатҳои Тоҷикистон бо дигар созмонҳои байнулмилалии молӣ ва бонкӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Зимнан зикр гардид, ки тамоми тадбирҳои андешида аз ҷониби ҳукумати ҶТ ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум нигаронида шудаанд.

Наҷмиддинов зикр кард, ки дар давоми ҳамкориҳо бо ХБА, бахусус дар қисмати баргузории ислоҳот дар соҳаи молияи Тоҷикистон комёбиҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Вазир изҳори итминон кард, ки минбаъд низ ҳамкориҳо бо ХБА густариши бештар пайдо хоҳанд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.