Дар «Амонатбонк» солгарди Истиқлолро ҷашн гирифтанд

Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бахшида ба 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, бо иштироки  раиси Раёсат Гулнора Ҳасанова ва меҳмонон Назри Яздонӣ ва Муҳтарам Ҳотам ҷаласа баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк», дар ҷаласа кормандони дастгоҳи Раёсати Амонатбонк, мудирони филиалҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияиҳои тобеи марказ ширкат доштанд. Ба иттилои манбаъ, […]

ASIA-Plus


Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бахшида ба 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, бо иштироки  раиси Раёсат Гулнора Ҳасанова ва меҳмонон Назри Яздонӣ ва Муҳтарам Ҳотам ҷаласа баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк», дар ҷаласа кормандони дастгоҳи Раёсати Амонатбонк, мудирони филиалҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияиҳои тобеи марказ ширкат доштанд.

Ба иттилои манбаъ, ҷаласаро нахуст Раиси Раёсат Гулнора Ҳасанова оғоз намуда, аз дастовардҳои Бонк тӯли солҳои соҳибистиқлоливу ягонагӣ маъруза намуданд. Дар маърузаи худ Гулнора Кенҷаевна аз дастовардҳои Бонк ва тӯли ин солҳо ба пешравиҳои зиёде ноил шудани Амонатбонк мисолҳои зиёде оварда самараи онро аз сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат арзёби намуданд.

Сипас Назри Яздонӣ ва Муҳтарам Каромат ҳозиринро бо Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда  мисолу иқтибосҳо аз таъриху тамаддуни миллати тоҷик ва самараи Ваҳдату Истиқлолияти Тоҷикистон ва дастовардҳои мардуми тоҷик дар бахшҳои гуногун тули 22-сол андешаҳои худро баён карданд.

Дар қисмати дуюми ҷаласа бахшида ба ин ҷашни миллӣ Истиқлолияти давлатӣ, 129 нафар кормандони фаъоли Бонк аз тарафи роҳбарияти Раёсат бо Ифтихорномаву Раҳматномаҳо қадрдонӣ шуданд.  Ҳамчунин сардори шуъбаи амалиётии филиали №66 БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ВМКБ Саидшо Шоҳзодаев бо мукофоти давлатӣ, медали Хизмати шоиста сазовор гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.