Э.Раҳмон омӯзгорони Русияро ба Тоҷикистон даъват кард

Роҳбари «Россотрудничество» Константин Косачёв ба васоити ахбори умумии Русия изҳор намудааст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорони забони русӣ аз Русия ваъда кардааст, ки дар сурати ба кор омадан ба Тоҷикистон, онҳоро бо манзил ва маоши шоиста таъмин мекунад. «Президент Эмомалӣ Раҳмон аз Русия дархост намуд, ки дар сафарбар намудани муаллимони забони русӣ ва […]

ASIA-Plus


Роҳбари «Россотрудничество» Константин Косачёв ба васоити ахбори умумии Русия изҳор намудааст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорони забони русӣ аз Русия ваъда кардааст, ки дар сурати ба кор омадан ба Тоҷикистон, онҳоро бо манзил ва маоши шоиста таъмин мекунад.

«Президент Эмомалӣ Раҳмон аз Русия дархост намуд, ки дар сафарбар намудани муаллимони забони русӣ ва дигар фанҳо бо ин забон ба Тоҷикистон мусоидат карда шавад. Ӯ изҳор кард, ки ҳар кадоме аз 4 ҳазор мактаби таҳсилоти умумӣ ба қабули ҳадди ақал як омӯзгор аз Русия омода аст. Ҳамзамон ваъда кард, ки онҳоро бо манзидли зист ва маоши шосита таъмин мекунад», – гуфтааст Косачёв дар мусоҳиба ба хабаргузории РИА Новости.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамин тариқ раҳбарияти Тоҷикистон ба нақшаҳои «Россотрудничество» оид ба таҳияи барномаи кӯмаки бебозгашт баҳри рушди маориф ва омӯзиши забони русӣ дар кишварҳое, ки аз онҳо аз ҳама бештар муҳоҷирони корӣ ба Русия меоянд, посух гуфтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.