Оғози фаъолияти беш аз 20 корхонаи нави саноатӣ тӯли соли равон

Аз оғози соли равон дар Тоҷикистон беш аз 20 корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Тавре хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, дар корхонаҳои навбунёд ҳудуди 630 нафар шаҳрвандони кишвар бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин карда шуданд. Ба иттилои манбаъ, дар ин давра корхонаҳои нави сементбарорӣ дар ноҳияи Ёвон ва шаҳри […]

ASIA-Plus


Аз оғози соли равон дар Тоҷикистон беш аз 20 корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Тавре хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, дар корхонаҳои навбунёд ҳудуди 630 нафар шаҳрвандони кишвар бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра корхонаҳои нави сементбарорӣ дар ноҳияи Ёвон ва шаҳри Конибодом, хиштбарорӣ дар ноҳияҳои Спитамен, Ваҳдат, Ҷилликӯл, Мастчоҳ, Турсунзода, Рӯдакӣ, Сарбанд, қуму шағал дар ноҳияҳои Шӯрообод, Фархор, Хуросон, Рӯдакӣ, Ҳисор, шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон сохтмони 4 корхонаи дигари саноатӣ идома дошта, то охири сол фаъол гардонида мешаванд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.