Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии ИДМ дар Остона

Имрӯз дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба кор шурӯъ намуд. Тоҷикистонро дар ин ҷаласа муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Нурулло Орифов намояндагӣ мекунад. Дар ҷаласа баррасии як қатор масоили муҳим, аз қабили самтҳои афзалиятноки ҳамкории байниидоравӣ, амалисозии барномаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ, лоиҳаи Консепсияи […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба кор шурӯъ намуд. Тоҷикистонро дар ин ҷаласа муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Нурулло Орифов намояндагӣ мекунад.

Дар ҷаласа баррасии як қатор масоили муҳим, аз қабили самтҳои афзалиятноки ҳамкории байниидоравӣ, амалисозии барномаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ, лоиҳаи Консепсияи рушди ҳамкориҳои Вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ то соли 2020, лоиҳаи Муқаррарот дар бораи Шӯрои илмӣ-машваратӣ ва ғайра дар назар аст.

Вазирони корҳои дохилӣ аз ҳисобот дар бораи ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои барномаҳои байнидавлатӣ оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2014-2018, мубориза алйҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ натиҷагирӣ хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ соли 1996 бо мақсади мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави кишварҳои узви иттиҳод таъсис дода шуд. Ба Шӯрои мазкур кишварҳои Озарбойҷон, Русия, Белорус, Украина, Қазоқистон, Арманистон, Молдова, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.