Гумонбарии узви Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ

Чанде қабл узви Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, корманди меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт Қирғизбек Канунов ба гумони даст доштан дар омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват карда шуд. Ба гуфтаи Канунов, шоми рӯзи 7-уми сентябр ҳангоми тановули хӯроки шом бо дӯстонаш дар яке аз қаҳвахонаҳо ӯро кормандони КДАМ бо худ бурдаанд. […]

ASIA-Plus


Чанде қабл узви Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, корманди меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт Қирғизбек Канунов ба гумони даст доштан дар омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват карда шуд.

Ба гуфтаи Канунов, шоми рӯзи 7-уми сентябр ҳангоми тановули хӯроки шом бо дӯстонаш дар яке аз қаҳвахонаҳо ӯро кормандони КДАМ бо худ бурдаанд.

«Аз сабабаш мо воқиф набудем. Ба мо шарҳ доданд, ки гӯё моро ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ гумонбар медонанд (???). Муомилаи хуб доштанд, ҳарчанд нахуст яке аз онҳо ба дағалӣ роҳ дод. Аз мо баёнот гирифта, дар бораи чӣ суҳбат доштани моро пурсиданд», – гуфт Канунов.

ОИ «Азия-Плюс» кӯшиш ба харҷ дод, ки бо маркази матбуоти КДАМ ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба ин масъала тамос бигирад, вале аз зангҳои телефонӣ ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд.

Ёдрас мекунем, ки 25-уми майи соли равон дар Тоҷикистон Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла Қ. Канунов шомил гардиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.