Раиси ҲСДТ ба таҳрими интихобот таҳдид мекунад

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров дар бораи бекор шуморидани изҳороти раиси КМИР Шермуҳаммади Шоҳиён оид ба ғайриимкон будани ҷамъоварии имзоҳои муҳоҷирони корӣ ба ҷонибдории номзадҳо ба мансаби президентӣ ба президенти кишвар ва Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ муроҷиат кард. Дар сурати ба инобат нагирифтани дархост ба интихобот таҳрим эълон карда мешавад. Шоҳиён изҳороти худро […]

ASIA-Plus


Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров дар бораи бекор шуморидани изҳороти раиси КМИР Шермуҳаммади Шоҳиён оид ба ғайриимкон будани ҷамъоварии имзоҳои муҳоҷирони корӣ ба ҷонибдории номзадҳо ба мансаби президентӣ ба президенти кишвар ва Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ муроҷиат кард. Дар сурати ба инобат нагирифтани дархост ба интихобот таҳрим эълон карда мешавад.

Шоҳиён изҳороти худро бар асоси далеле шарҳ медиҳад, ки тибқи меъёрҳои қонун, варақаҳо барои ҷамъоварии имзоҳо бояд аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо ба имзо расанд.

Р.Зойиров бошад, бар он назар аст, ки мутобиқи моддаи 10, қ. 1-и Конститутсияи ҷумҳурӣ, изҳороти раиси КМИР қувваи ҳуқуқӣ надорад. Ба қавли Зойиров, ҳамчунин изҳороти Шоҳиён комилан мухолифи моддаи 14, қ. 2 ва 3-и Конститусия аст.

Дар ин робита Зойиров аз раҳбарияти кишвар, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷӣ дархост кардааст, ки иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони корӣ ва дигар афроди берун аз қаламрави ҷумҳурӣ қарордоштаро дар ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо ба мансаби президентӣ (масалан, тариқи овоздиҳии электронӣ (огоҳинома), имкони ҷамъоварии имзоҳо ва тасдиқи он дар сафорат ё консулгариҳо ва ғайра) таъмин намояд.

«Дар сурати таъмин накардани муҳоҷирони корӣ ба ҳуқуқи ҷамъоварии имзоҳо, мо аз тамоми интихобкунандагони ҷумҳурӣ, муҳоҷирони корӣ ва афроди берун аз қаламрави ҷумҳурӣ қарордошта даъват мекунем, ки ба хотири ҳамраъйӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои баробар ба муҳоҷирони корӣ ҳамчун ризқрасонони кишвар, ки бидуни онҳо ҳукумат аллакай кайҳо бояд муфлис мешуд ва риояи муқаррароти Конститусия, ба интихобот таҳрим эълон карда шавад», – мегӯяд раиси ҲСДТ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.