Ҳайати ба ВМКБ сафаркардаи ҲНИТ-ро ба КДАМ даъват карданд

Чор узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки нимаи моҳи гузашта бо мақсади омӯзиши вазъ атрофи бахши маҳаллии ҳизб дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон қарор доштанд, имрӯз, 7-уми сентябр ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, ба онҳо ба номи Воҳидхони Қосиддин, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Саодатшоҳ Адолатшоев ва […]

Asia-Plus



Чор узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки нимаи моҳи гузашта бо мақсади омӯзиши вазъ атрофи бахши маҳаллии ҳизб дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон қарор доштанд, имрӯз, 7-уми сентябр ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, ба онҳо ба номи Воҳидхони Қосиддин, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Саодатшоҳ Адолатшоев ва Зарафо Раҳмонӣ даъватнома расидааст ва дар он сабабҳои даъват ба КДАМ зикр нагардидаанд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи август зимни дар ВМКБ қарор доштан аъзои зикршудаи ҲНИТ дар роҳ аз Рӯшон ба самти Хоруғ мавриди таъқиб ва лату кӯб қарор гирифтанд. Он замон ҳизб тавассути сомонаи расмии худ дар ин робита изҳор намуда буд, ки рӯзи 13 август 5 узви ҳизб ҷиҳати расидагӣ ба вазъи мавҷуда атрофи бахши маҳалли ҳизб ба ВМКБ сафарбар гардиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.